Наврӯз- ҷашни инсондӯстӣ ва рифоҳ

Март 18, 2014 14:42

Душанбе, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имсол панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз 27 марти соли 2014 дар маркази Чумҳурии Исломии Афғонистон -шаҳри Кобул таҷлил мегардад.  
Наврӯз таърихи зиёда аз 4 ҳазорсола дошта, бузургтарин рӯз барои ҷашнгирандагони он ба ҳисоб меравад. Агар бештаре аз ҷашнҳои олам ба воситаи ҳодисаҳое дар миёни мардумон машҳур шуда, мавриди пайравии доимии эшон қарор гирифта бошанд, пас Наврўз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст.
Ин воқеан ҳам зиндатарин ҷашне дар рўи Замин аст, ки бидуни хоҳиши ягон халқу миллати ҷаҳон ҳар соле як маротиба худ фаро мерасад. Он ҷашни сабзиш ва офариниши ҷаҳон, воқеан ҳам омадани соли нав аст.
Боиси ифтихори мо, мардуми ориёитабор аст, ки чанде  қабл бо ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии чандин давлатҳои дигар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврўзи Аҷам қатънома қабул кард. Соли 2009 ин ид ба рӯйхати мероси фарҳангии башарияти Юнеско дохил шуд. Тибқи қарори Маҷмаи умумии СММ аз 18-уми феврали соли 2010 21-уми март ба унвони Рӯзи байналмилалии Наврӯз  эълон гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҷашнҳои якум ва дуюми Рӯзи байналмилалии Наврӯз  дар зодгоҳи аввалияи худ — дар сарзамини бузурги Ориё бо тамоми арзишҳо ва назокати мардумии худ дар сарзамини Тахти ҷамшед аввалин қадамҳои устувори ҷаҳонишавии худро гузоштанд. 27 марти соли 2011 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон Иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврўз ва тантанаҳои идона бахшида ба он оғоз ёфтанд. Барои иштирок дар таҷлили байналмилалии Наврўз ба он ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз Ҷумҳуриҳоии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Туркия, Салтанати Уммон, Давлати Кувайт, Танзания ва ғайра ташриф оварданд.
Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни сеюми ҷаҳонии Наврўз соли оянда дар Тоҷикистон барпо гарданд.
25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон сеюмин таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз бо иштироки сарони кишварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон, Эрон ва Покистон, муовини раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон, муовини сарвазири Туркманистон, муовини сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини раиси ноҳияи мухтори Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон, Фиристодаи махсуси Сарвазири Ҳиндустон, сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони дигар кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Тантанаҳои таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои башардӯстонаи ин ҷашни бостонӣ, бо паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони он — намояндагони халқҳое, ки дар фазои ягонаи тамаддун ва фарҳанги Наврӯз қарор доранд, ифтитоҳ гардид.
23 марти соли 2013 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон  чорумин ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид.
Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Русия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева Қосимжомарт Токаев ва ҳайатҳои илмию фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар ҷараён гирифт.
Аз чорабиниҳои марказии Наврӯзи байналмилалии соли 2013 дар Ашқобод конфронси байналмилалии «Наврӯз- ҷашни инсондӯстӣ ва рифоҳ” буд.
Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки дар навбати аввал роҳҳои иртиботиро дар дохили кишварҳоямон барқарор кунем ва онҳоро такмилу инкишоф бахшем ва ба ҳамин васила теъдоди ҳарчи бештари омилҳои ҷудоиро аз миёни миллатҳо ва давлатҳои ҳавзаи наврӯзӣ бардорем.  
Дар баробари ин моро лозим аст, ки баъзе суннатҳои наврўзиро барои беҳбудии ҳаёти имрўзиамон истифода кунем. Аз ҷумла, ҳар сол вақте, ки дар яке аз кишварҳои мо ҷашни Наврўз таҷлил мегардад, дар он ҷо дастовардҳои муҳими илмӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли инро ба маърази намоиши якдигар гузорем, то бад-ин восита мо бо ҳам имкони боз ҳам бештар пайдо кунем, ки яке аз ҳадафҳои волои наврўзӣ ба ҳам наздик шудан ва падид овардани меҳру муҳаббат миёни мардумони гуногун аст.

Март 18, 2014 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид