Ниҳолшинонӣ- кори савоб
Айнӣ, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердӣ).-Бо мақсади истиқболи сазовори иди Наврўз ва ободонию кабудизоркунӣ шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ иқдоми хайрхоҳонаро пеш гирифт. Дар ҳамаи мактабу муассисаҳои томактабӣ «21 рўзи ободонию кабудизоркунӣ» эълон гардид. Ин ибтикорро кормандони ҳамаи таълимгоҳҳою боғчаҳои бачагона якдилона дастгирӣ намуданд. Тибқи барономаи ободонӣ, хонандагону омўзгорон ва мураббияҳо бояд атроф ва ҷўйҳоро тоза карда, дар ҷойҳои холӣ ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаю сояафкан шинонанд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Муллоғиёс Шарипов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, онҳо тасмим гирифтаанд, ки барои нигоҳубину сабзондан ҳар ниҳоли шинонидаро ба як хонанда вобаста намоянд. Ин кор бешубҳа ҳам ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳам ҳисси табиатдўстии наврасонро баланд мегардонад. Мувофиқи нақша 21 рўзи ободонӣ дар иди Наврўз ҷамъбаст шуда, ҳашарҳои гулшинонӣ оғоз меёбанд. Дар моҳи май бо иштироки хонандагон дар ноҳия «Иди гулҳо» гузаронида мешавад, ки ин иқдом низ барои тарбияи эстетикии наврасон аҳамияти калон дорад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






