Оғози сабти ном дар Маркази миллии тестӣ

Март 3, 2014 10:48

           Хоруғ, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар, ки қароргоҳаш дар бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, аз 1-уми март  ба сабти номи давталабон оғоз кард. Сардори раёсати маориф ва илми ВМКБ  Ғарибшо Ғарибшоев қабл аз сабти ном бо довталабон мулоқот анҷом дода, онҳоро бори дигар бо тарзи нави имтиҳонгирӣ дар муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ шинос карда гуфт, ки барои  сабти ном ва қабули ҳуҷҷатҳо ҳама гуна  шароит дар марказ фароҳам оварда шудааст. Маркази мазкур бо фанновариҳои муосири коммуникатсионӣ ва кадрҳои лаёқатманд, ки дар давраҳои омӯзишӣ бо тамоми ҷузъиёти имтиҳони тестӣ ошноии комил пайдо намуданд, таъмин аст. Аз оғози  ба рӯйхатгирӣ то қабули ҳуҷҷату имтиҳонсупорӣ танҳо аз таҷҳизоти коммуникатстионӣ истифода хоҳад шуд. Ин ҳама тадбирҳо ба хотири шаффоф ва беғараз гузаштани ҷараёни имтиҳонгирӣ андешида шудаанд. Ба гуфтаи сардори раёсати маориф ва илми вилоят барои  омода кардани довталабон ва волидони онҳо бо ин усули имтиҳонот гурӯҳҳои махсус дар давоми бештар аз се моҳ ба шаҳру навоҳии вилоят сафар карда, давраҳои омӯзишӣ баргузор намуданд.
       Масъулини маркази миллии тестӣ аз имтиёзҳои муқаррарнамуда низ  довталабонро огоҳ намуданд. Довталабоне, ки аз ҳарду волидони худ маҳрум шудаанд, аз пардохти маблағ озод ҳастанд. Онҳое, ки ё падар ва ё модар надоранд, танҳо 50 фоизи маблағи таҳсилро мепардозанд. Ин довталабон бояд ҳуҷҷату санадҳоеро, ки мақомоти давлатии ваколатдор ба онҳо додаанд, ба маркази миллии тестӣ пешниҳод кунанд.   
 
 

Март 3, 2014 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ