Пешгирӣ ва мусодираи беш аз 40 кило маводи мухаддир
Душанбе, 03.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Кормандони милитсияи кишвар зимни гузаронидани якчанд чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯии дурӯзаи худ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ пеши роҳи интиқол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки 40 килою 983 граммро ташкил медиҳад, гирифтанд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, зимни амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони фаврӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва се шаҳрванди ҷумҳурӣ дар робита ба ҷиноятҳои мазкур ҳамчун гумонбар дастгир шуданд, ки аз онҳо маводи нашъадор дар ҳаҷми калон дарёфт ва мусодира шуд.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






