Рушди устувори робитаҳои Фаронса ва Тоҷикистон
Душанбе, 03.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидиер Лера мулоқот намуд.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот вазъу дурнамои ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан муфиди тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистону Фаронса мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раиси ПСС ҶТ зимни суханрониаш рушди муттасили ҳамкории ҳар ду кишварро зикр карда, ҳамзамон иброз дошт, ки барои густариши ҳамкории иқтисодии ҳар ду кишвар имкониятҳои зиёде мавҷуданд. Шариф Саид аз имкониятҳои ҷалби технологияҳои муосир ба Тоҷикистон ва бунёди коргоҳҳои дорусозӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш, атторӣ ва маҳсулоти ороишӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ нақл кард.
Дипломати Фаронса рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Фаронсаро ба дараҷаи баланд арзёбӣ карда, зикр намуд, ки ҷониби Фаронса омодааст, ки бо Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, тандурустӣ ва маориф ҳамкорӣ намояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






