С. Амиршоева: «Қонун қувваи бозгашт надорад»

Март 4, 2014 10:07

 
                               Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
 
Душанбе, 04.03. 2014. (АМИТ «Ховар»). — Бахшида ба Рӯзи Модар ва ҳамзамон бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз фаъолияти имрӯзаи  занони Парлумони тоҷик хабарнигори АМИТ «Ховар» бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, вакил аз ҳавзаи Қӯрғонтеппа 26, (мушовири давлатии адлия, дараҷаи 3-юм) Саодат Амиршоева суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи онро ба таваҷҷӯҳи хонандагон пешкаш менамоем.
   Амиршоева Саодат Сангалиевна соли 1954 дар ноҳияи         Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), сараввал дар шуъбаи кумитаи комсомоли ноҳияи Фархор ба ҳайси мутахассис, сипас,  дар идораи давлатии нотариалии 2-юми шаҳри Душанбе ба ҳайси нотариус, баъдан, дар идораи давлатии нотариалии шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сарнотариус фаъолият намудааст. Баъд аз он ба ҳайси судяи суди шаҳри Кӯлоб, сипас, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон кор карда, аз соли 1970 то инҷониб 44 сол собиқаи корӣ  дорад. 
Саодат Амиршоева, ки алҳол вакили МНМО ҶТ мебошад, модари 6 фарзанди соҳибмаълумот  мебошад. 
-Нахуст Шуморо бо Рӯзи Модар табрик менамоем. Метавон гуфт, ки имрӯз  занон дар таҳияи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мардон фаъолтаранд?
-Ташаккур.  Агар гӯем, ки қариб баробаранд, шояд  хато нашавад. Албатта, имрӯз дар таҳияву баррасии қонунҳо дар Парлумони тоҷик  кӯшишу заҳмати вакилзанон хеле назаррас аст. 
Бояд зикр намуд, ки нисбат ба ҳар як вакили интихобшуда шаҳрвандон, яъне интихобкунандагон бо боварии калон  ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон менигаранд, зеро Маҷлиси Олӣ–парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, мо вакилон барои сазовор гаштан ба умеду боварии онҳо дар байни мардум вохӯриҳо гузаронида,   кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки арзу шикоят ва пешниҳодҳои онҳоро сари вақт баррасӣ намоем. 
   Гуфтан ҷоиз аст, ки дар соли сипаригардида аз ҷониби занони Парлумон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, барои амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии хеш, лоиҳаи 8 қонуни мукаммал ва 37 лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва кодексҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки аз онҳо 37 – тоаш қабул ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ногуфта намонад, ки имрӯз занони кишварамон бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб дар ҳамаи соҳаҳо дар баробари мардон фаъолият менамоянд. Дар баъзе мавридҳо заҳмати занон назар ба мардон зиёдтар ба назар мерасад, зеро  Зан — Модар пеш аз ҳама дар оила барои тарбияи дурусти фарзандон масъулияти бештареро  ба дӯш дорад.
-То ҷое, ки ман иттилоъ дорам, Шумо муаллифи лоиҳаи аз байн бурдани никоҳи хешу таборӣ дар ҷумҳурӣ мебошед ва фаҳмидан мехостам, ки тақдири ин пешниҳод чӣ шуд?
-Оилаи моро оилаи ҳуқуқшиносон гӯям ҳам, хато намекунам. Аз ҷумла, дар таҷрибаи фаъолияти падарам, ки ба ҳайси судя кор мекард, бо чандин нафарони аз оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ азоби руҳӣ мекашида ошно гардидам, зеро ман орзуи интихоби пешаи падарро доштам ва оид ба ин соҳа ба он кас бо саволҳои зиёд муроҷиат менамудам. Баъдан, дар давраи фаъолияти хеш низ хеле зиёд бо ин масъала рӯ ба рӯ шудам ва ба ҳамагон маслиҳат медодам, ки оқибати ин гуна никоҳ хуб нест, вале ба ин фикри ман баъзеҳо розӣ нестанд ва то ҳол издивоҷи бародарро бо холадухтар ва ё хоҳарро бо амакписар идома медиҳанд. 
Бояд иброз намоям, ки дар давлатҳои пешрафта ин чиз тамоман вуҷуд надорад, онҳо издивоҷи хешу табориро ҳамчун кирдори бадахлоқӣ мепиндоранд  ва ҳатто барои пешгирии ин масъала қонунҳо низ амал мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки Қуръони карим низ тарафдори солимии инсонҳои рӯи замин аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди ҷавонони ҷомеаи навин ҳам хоҳиши бо хешу табори худ оила барпо карданро надоранд.
Аз маълумоти Вазорати тандурустии кишвар оид ба таъсири манфии никоҳ байни хешу табори наздик бармеояд, ки то 1-уми январи соли 2013 шумораи кӯдакони маъюби то синни 18 дар ҷумҳурӣ 25 ҳазору 429 нафарро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари сабабҳои маъюбии кӯдакон дар 30-35%  аз рӯи никоҳи хешутаборӣ ба вуҷуд омадаанд. Кӯдакони маъюб аслан аз системаи асаб, бемориҳои руҳӣ, бемориҳои чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, ҳамчунин аз нуқсонҳои модарзодӣ азият мекашанд. Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тандурустӣ тахминан 40 фоизи фавти кӯдакони то яксола ва кӯдакони маъюбро  кӯдакони аз никоҳи хешутаборӣ тавлидшуда ташкил медиҳанд. Масъалаи мазкур борҳо аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ  (МНМО) мавриди муҳокима қарор дошта, дар айни ҳол ҷиҳати такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова  ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқии  ташаббуси субъекти қонунгузорӣ аз ҷониби банда пешниҳод шудааст, ки бо Қарори раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ гурӯҳи корӣ дар ҳайати 8 нафар вакил таҳти роҳбарии муовини раиси МНМО Назира Ғаффорова таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, ман ва вакилон М. Ватанов, Х. Юсуфӣ, А. Азимов, У. Давлатов, Ш. Шабдолов, У. Охунов бояд, ки дар муддати 2 моҳ лоиҳаи қонуни мазкурро омода сохта, барои баррасӣ  ба Шӯрои МНМО ҶТ пешниҳод намоем.  
Ба андешаи ман ҳамчун ҳуқуқшинос барои қабули ин қонун дар кишвари мо аллакай дер шудааст. Вале умедворам, ки ин масъала дар рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад
-Дар тӯли фаъолияти хеш дар эҷоди кадом қонунҳо саҳм гузоштаед?
-Ман бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси субъекти қонунгузорӣ ба 12 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод намудаам. Аз ҷумла, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коррупсия», ки дар он  оид ба фаъолият накардани хешу таборони наздик дар як системаи давлатӣ дарҷ гардидааст.  Дар якҷоягӣ бо вакилони дигар манъ кардани фаъолияти якҷояи хешу табори наздики оила, ба монанди қудо, келин ва домодро низ илова намудем. Бояд гуфт, ки баъд аз қабули қонуни мазкур дар бисёр вазорату корхонаҳо хешу табори наздики роҳбарият аз кор озод шуда, нафарони дигаре, ки ба ҷои кор ниёз доштанд, бо кор таъмин гардиданд. Ба андешаи ман пешниҳоди ин қонун аз ҷониби мо саривақтӣ ва дуруст буд.  Қонуни дигар «Дар бораи доксаталаскопия» (яъне, ташхиси пайи даст), ҳамчунин Қонуни мукаммал ҶТ «Дар бораи зотпарварӣ», Қонуни мукаммал «Дар бораи Ҳилоли Аҳмар», Қонуни ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо.  Ба Қонуни ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ман тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд ва яке аз нуктаҳои ин тағйирот аз он иборат аст, ки ҳангоми аз  тарафи шаҳрвандони хориҷӣ содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 5 сол берун карда мешаванд
-Имрӯзҳо никоҳи занону духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ зиёд ба назар мерасад. Ба андешаи Шумо ин раванд ба генофонди миллат халал ворид намекунад? Ба фикри ман, Шумо пештар низ ин масъаларо  пайгирӣ намуда будед. 
-Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон озодии никоҳро кафолат медиҳад. Бояд зикр намоям, ки оид ба масъалаи мазкур ягон лоиҳа барои қонун аз ҷониби ман пешниҳод нашудааст ва шуда ҳам наметавонад.. Вале, ҳамчун зан ва модари тоҷик дар яке аз баромадҳои хеш зикр намудам, ки никоҳи зани тоҷик (мусалмон) бо шаҳрванди хориҷии ғайримусалмон қобили қабул нест, зеро ҳар як миллат  дорои расму анъанаи хоси худ буда, бояд ба ҳамаи ин суннатҳо эҳтиром гузорад.  Ман нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар динҳои ҷаҳон беэҳтиромӣ зоҳир наменамоям, балки мақсади ман ҳамагӣ фаромӯш насохтани расму оини тоҷикӣ ва вайрон накардани генофонди миллат аст. 
Далелҳои ба доми фиреби шаҳрвандони хориҷӣ афтидани духтарони тоҷик зиёданд. Баъзан мо шоҳиди он мегардем, ки занону духтарони тоҷик ба шаҳрвандони хориҷӣ ба шавҳар мебароянд ва ҳамчун мол боиси хариду фурӯш мегарданд.  Мақсади асосии ман ин аст, ки ҳуқуқу манфиатҳои занони тоҷик дар ягон ҷой поймол нагарданд. 
-Ҳамчун ҳуҳуқшиноси варзида мегуфтед, ки кадом омилҳо метавонанд садди ҷинояткорӣ миёни занон гарданд ва сабаби ҷиноят содир кардани занонро дар чӣ мебинед?
-Дар назди қонун ҳама баробаранд. Шахсе, ки ҷиноят содир менамояд, новобаста ба зан ё мард буданаш ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз рӯи қонун ҷазо мегирад. Вале, ҳангоме  ки зан – модар ҷиноят содир менамояд, ин рафтор басо нангину нафратовар аст. Ҳамчунин содир шудани ҳар гуна ҷиноят аз ҷониби занҳо аз паст будани маърифатнокӣ ва надонистани ҳуқуқу вазифаҳои онҳо дарак медиҳад. Шароити иқтисодиро ман ҳамчун баҳонаи танбалӣ ва коргурезӣ мешуморам, ки дар бисёр мавридҳо занҳои ҷиноят содирнамуда инро  барои худ сабаби асосӣ мешуморанд. Дар мавриди пешгирии ҷиноят байни занону духтарон,  аз ҷониби мақомоти дахлдор корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монда, маърифати ҳуқуқии онҳоро баланд бардоштан лозим аст.    
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои занон  ғамхорӣ зоҳир намуда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии онон чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, занони деҳот ҳар сол бо хоҷагиҳои деҳқонӣ таъмин мешаванд. Инчунин дар шароити имрӯза онҳо метавонанд барои пешбурди зиндагии хеш дилхоҳ маҳсулотро аз як ҷой бо нархи арзон харидорӣ намуда, дар ҷои дигар бо каме илова  ба фурӯш бароранд. Ба фикри ман занонро танҳо хоҳиши заҳмати ҳалол лозим аст. 
-Дар фарҷоми суҳбат оид ба нақшаҳои минбаъдаатон чанд сухан мегуфтед. 
-Қонунҳое, ки имрӯз аз ҷониби вакилони парлумон эҷод мешаванд, бояд ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд. Ман низ ҳамчун вакили мардумӣ нақша дорам, ки дар эҷоди як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузорам.
Ҳамагон шоҳид ҳастем, Тоҷикистони мо сол то сол тараққӣ мекунад ва мардум низ давра ба давра аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии хеш озоду   самаранок  истифода мебаранд.
   Тавре ки мегӯянд, қонун қувваи бозгашт надорад, бинобар ин, дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.   
-Ташаккур барои суҳбати муфид.
                                                                   Мусоҳиб Муқаддас Темурзода

Март 4, 2014 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид