Сарқонун -кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон

Март 17, 2014 11:53

Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имсол 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин санаи муборак раиси суди Шаҳри Панҷакент Зокир Аминов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки: «Сарқонун моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрҳоро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне, судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба Сарқонун ва қонун итоат мекунанд.Маҳз Сарқонуни Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоиро ҳамчун мароми халқи Тоҷикистон муқаррар намудааст. Сарқонуни Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва такдирсози миллат буда, он истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосӣ тақвият бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеаро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир муқаррар намуд.Дар тӯли тамоми давраи соҳибистиқлолӣ ва бахусус, баъди қабули Сарқонуни нав, ки имрӯзҳо аз он сана бист сол сипарӣ мешавад, мардуми тоҷик дар асоси ин санади тақдирсоз тамоми рукнҳои давлати навини тоҷиконро дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият дода, пояҳои истиқлолияти воқеии кишварро пайваста мустаҳкам менамоянд ва ҳамеша кӯшиш доранд, ки барои зиндагии шоистаи худ шароит ва имконияти бештар муҳайё созанд. Сарқонун шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.Сарқонуни Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо назардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст.Сарқонун муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин роҳ таъмини онро кафолат медиҳад ва он қабл аз ҳама дар муқаррар намудани ҳудуди салоҳияти рукнҳои давлат ифода меёбад. Аз ин рў дар Сарқонун чунин омадааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд». Ҳамзамон бо ин, Сарқонун доираи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати қонунӣ маҳдуд кардани онҳоро низ пешбинӣ мекунад. Бо назардошти ин амри умумипазируфташуда Сарқонуни Тоҷикистон чунин муқаррар мекунад: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Ин меъёри конститутсионӣ татбиқи амалии худро дар фаъолияти ҳаррўзаи мақомоти судӣ пайдо мекунад, ки тибқи Сарқонун ва қонунҳои амалкунандаи кишвар маҳз мақомоти судӣ дорои ин ваколатанд.Меъёрҳои Сарқонун эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шахсро тақозо менамоянд. Ҳамаи ин арзишҳои олӣ, ки дар Сарқонуни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро ташкил мекунанд ва дар тамоми ин муддат аз ҷониби мақомоти давлатии кишвар баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешаванд. Барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини тоҷикон қонуну санадҳое лозим буданд, ки дархӯри чунин манфиатҳо бошанд. Барои эҷоди ин гуна санаду қонунҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки он ҳам қабл аз ҳама, Сарқонуни нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист.Сарқонун истиқлолияти давлатро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Бояд зикр кард, ки соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ва аз байн рафтани Иттиҳоди Шўравӣ ҷомеаро ба як номуайянӣ гирифтор кард. Маълум набуд, ки мо кадом роҳи инкишофи ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Тибқи қонуни асосӣ эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мақсади Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки ин шакли давлатдории эътирофшуда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мебошад. Чунин интихоб ба ҳамроҳшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуда, эътирофи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуд.

Март 17, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем