Шаҳодатномаи нави биометрӣ ба ронанда чӣ медиҳад?

Март 4, 2014 15:57

Душанбе, 4.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 4 марти соли равон дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ барои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он инчунин намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат доштанд.
  Дар нишаст масъалаи ҷорӣ намудани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрии ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳонӣ баррасӣ гардид. Шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт дорои 10 дараҷаи муҳофизатӣ буда, аз маводи поликарбинат омода гардида, қобилияти фарсуданашавандагӣ дорад. Бартарии ин шаҳодатнома дар он аст, ки минбаъд он ба низоми  ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ворид гардида, сохтори марказикунонии додани ҳуҷҷатҳо, муайянсозии шахсият дар қаламрави ҷумҳурӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои дорои дараҷаҳои баланд муайян карда мешавад. 
Шаҳодатномаи нави бақайдгирии воситаи нақлиёт барои пайваст шудани низоми мазкур бо воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотӣ, шуъбаҳои БДА дар шаҳру ноҳияҳо, нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникӣ ва маркази низоми худкори идора дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» имкон медиҳад, ки вобаста ба шахсияти воситаи нақлиёт ҳангоми дар кофтукоб қарор доштани воситаи нақлиёт маълумот диҳад. 
Муовини вазири корҳои дохилии ҶТ, генерал-майор Искандар Раҷабов зикр намуд, ки маълумот дар шаҳодатномаҳо бо ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ сабт шуда, дар он ғайр аз сурат, инчунин имзои электронии   ронанда сабт мегардад. «Имрӯз ҷорӣ намудани шаҳодатномаҳои нави ронандагӣ -биометрӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт тақозои ҷаҳони муосир мебошад. Акнун ронандагони дорои шаҳодатномаи нав имкон доранд дар мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ба ронандагӣ машғул шаванд»,-гуфт И.Раҷабов. 
 Ба гуфтаи сардори Раёсати БДА генерал майори милитсия Маҳмадсаид Саидов дар Тоҷикистон  имрӯз наздик ба 1 миллион нафар шаҳрванд дорои шаҳодатномаи ронандагӣ мебошад. 
Нархи шаҳодатномаи нави биометрӣ-165 сомонӣ ва шаҳодатномаи техникӣ 140 сомонӣ мебошад. Ивази шаҳодатномаҳо ихтиёрӣ буда, шаҳодатномаҳои нав  10 сол амал мекунанд. Ронандагоне, ки муҳлати шиносномаҳояшон  аллакай ба поён расидааст, акнун имкон доранд шаҳодатномаи биометрӣ гиранд. 
Тавре ки дар нишаст зикр гардид, РБДА дар  Маскав, Санк-Петербург, Екатеренбург ва дар дигар  шаҳрҳои калони Русия марказҳои минтақавӣ мекушояд, ки дар он муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд шаҳодатномаҳои худро ба шаҳодатномаҳои биометрӣ  иваз намоянд. 
Дар нишаст аз ҷумла муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Курсан Асанов гуфт, ки: «Мақсад аз ташрифи мо имрӯз мубодилаи таҷриба буда, мо ният дорем таҷрибаи «Шаҳри бехатар»-ро, ки имрӯз дар Тоҷикистон аллакай фаъол мебошад, омӯхта онро дар Қирғизистон низ ҷорӣ намоем. Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва  эктремизми байналхалқӣ ва дигар зуҳурот ҳамкории зич дорад.  Дар мавриди сарҳад гуфтаниям, ки вазифаи асосии мо амнияти аҳолӣ мебошад. Мо барои устувории сарҳад ва шиддат наёфтани вазъ дар минтақаҳои  наздисарҳадӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем».  Курсан Асанов инчунин аз фурсат истифода бурда тамоми занонро бо иди баҳор ва Рӯзи модарон табрик намуд. 
Иштирокчиёни нишаст ва меҳмонон инчунин аз майдони таълимии раёсат дидан намуданд. Ин майдон бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, акнун довталабон имкон доранд бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ имтиҳон супоранд. Тавре ки сардори шуъбаи бақайдгирии имтиҳонотии РБДА ВКД подполковники милитсия Иброҳим Раҳмонов хабар дод, имрӯз ҳамаи мошинҳои таълимӣ бо камера  муҷаҳҳаз гаштанд, ки ин ҳолати ронандаро дар дохили мошин  нишон медиҳад.  Бино ба иттилои Иброҳим Раҳмонов ҳамаи хатоҳои дар майдони таълимӣ роҳ дода, дар оинаи электронӣ нишон дода мешавад. «Чунин майдони таълимӣ аллакай дар вилояти Суғд ва  Хатлон фаъолият дорад, мо нақша дорем ба наздикӣ чунин майдони таълимиро дар ВМКБ ва боз яктои дигар  дар Суғд ифтитоҳ намоем. Умуман ният ҳаст, ки дар оянда миқдори чунин майдонҳоро дар ҳудуди ҷумҳурӣ бештар гардонем», афзуд И.Раҳмонов. 
Теъдоди занони ронанда низ нисбат ба солҳои пеш бештар гардидааст. Имрӯз беш аз 15 фоизи довталабонро барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ занон ташкил медиҳанд. Ҳангоми ноком гаштан довталаб имкон дорад пас аз 5 рӯз аз нав имтиҳон супорад. Ҳангоми 3 маротиба ноком гаштан, довталаб бояд  20 соат иловагӣ дарс хонда, боз аз нав имтиҳон супорад.  
Дар ин рӯз инчунин муовини вазир Искандар Раҷабов ба ҳамаи намояндагони ВАО, ки шаҳодатномаи ронандагӣ доштанд, ройгон шаҳодатномаи нави биометрӣ тақдим карда, гуфт, ки кор дар самти низоми ягонаи иттилоотӣ  идома хоҳад ёфт. 
 
 

Март 4, 2014 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид