Ҳамкории «Помирэнерҷӣ» бо «Ҳидро Ду»

Апрель 21, 2014 15:06

        Хоруғ, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо ибтикори мутахассисони ширкати «Помирэнерҷи» ва ҳамтоёнашон аз кишвари Чин неругоҳи хурди барқии ноҳияи Ишкошим таъмиру таҷдид гардида, ба низоми ягонаи барқтаъминкунии вилоят пайваст шуд.
       Ин усул ба хотири он роҳандозӣ мешавад, ки аксарияти неругоҳҳои хурди барқӣ дар навоҳии вилоят ба иллати куҳна шудани таҷҳизоти техникӣ иқтидори  барқтавлидкунии худро аз даст додаанд.  Барои таъмири пайвастаи неругоҳҳо  маблағи зиёд масраф гардида, фоидаашон сол аз сол коҳиш меёбад. Аммо баъди васли ҳисобкунакҳои электронӣ, таҷдиди интиқоли хатти барқ, ҷорӣ намудани низоми автоматикии назорат ва баҳисобгирии барқ ба ширкати мазкур имкон дод, ки ҳангоми интиқоли барқ ба навоҳии дурафтода талафоти техникӣ ва тиҷоратиро  ба  маротиб кам гардонад. Пайваст кардани неругоҳи Намадгут ба низоми ягонаи барқии вилоят  таҷрибаи нахустини ширкати мазкур аст  ва он идома хоҳад ёфт. 
Таҷҳизотро барои анҷом додани  чунин кори мураккаб ширкати «Хидро Ду», мутааллиқ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас намуд. Мутахассисони ширкати «Помирэнерҷӣ» ва муҳандисон аз кишвари Чин дар давоми се ҳафта таҷҳизотро комилан васл намуданд. Имтиҳони тестӣ, ки аз 72 соат иборат буд, бо муваффақият паси сар шуд. Реҷаи коҳиш ва афзоиши шиддат нишон дод, ки дастгоҳҳои неругоҳ устувор ва муътадил фаъолият мекунанд. 
 

Апрель 21, 2014 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд