Беҳтарин роҳи тарғиби китоб

Апрель 4, 2014 10:55

Душанбе, 4.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-  Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар ноҳияи Шаҳринав ҷамъомади бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. 
Нахуст  хонандагони мактабҳо намунаи гулдӯзиҳо, намоиши китобҳо ва ихтироъҳои худро манзури меҳмонон ва тамошобинон намуда. аз эҷодиёти шоири маъруф Ғаффор Мирзо шеърҳо қироат карда, сурудҳои дилнишинро манзури ҳозирин намуданд. 
Дар назди аҳли ҷамъомад шоирон Зулфия Атоӣ, Ҳидоятулло Раҳмонӣ, Маҳбуба Неъматзода, Хосият Вализода, Ҷӯра Ҳошимӣ, Салоҳиддини Садриддин, Мардонқул Ашӯров  шеърҳо қироат карданд. Сарвари Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М.Миршакар, ҳамзамон директори фестивали мазкур Қурбоналӣ Афғонов гуфт: «Ҳадафи асосии фестивал  тарғибу ташвиқи китоб, ҷой кардани меҳри китоб дар дили кӯчаки насли наврас, пайдо кардани истеъдодҳои нави эҷодгар ва мустаҳкам кардани муҳити эҷодӣ дар кулли манотиқи ҷумҳурист».

Апрель 4, 2014 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш