Э.Раҳмон: «Варзиш-омили ташвиқи ҳаёти солим»

Апрель 5, 2014 12:23

Душанбе, 5.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Яке аз омили муҳим дар тарбияи дурусти насли ояндасоз — оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни мардум, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад, таъкид намуд Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони болаёқати вилояти Суғд. 
Президенти мамлакат ҳамчунин гуфт, ки дар вилояти Суғд дар ин самти муҳим тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин замина солҳои 2011-2013 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 варзишгоҳ, маҷмааҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ сохта ё таъмиру тармим карда шудаанд.
Дар ҷараёни суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз дошт, ки  масъалаи дар буҷетҳои маҳаллӣ зиёд кардани маблағгузории соҳаи варзиш ва равона намудани қисми маблағҳои аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷет бадастомада барои рушди ин соҳа, ки дар мулоқоти Сардори давлат бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 таъкид гардида буд, татбиқи худро ёфта истодааст.
 
 
 

Апрель 5, 2014 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд