Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ
Душанбе, 4.04.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар шаҳри Чкалов маъракаи гусели нахустин гурӯҳи панҷнафараи наваскарони ихтиёрӣ дар мавсими даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.-Комиссариати ҳарбии шаҳри Чкалов фаъолияти худро дар асоси Фармони Президенти кишвар ва қарори роҳбарияти вилояту шаҳр ба роҳ мондааст, -гуфт Рӯзимаҳмад Абдуллоев, котиби ҳарбии комиссариати шаҳр зимни суханронӣ дар назди даъватшавандагон ва волидони онҳо.Ҳамзамон зикр гардид, ки имрӯз 5 нафар ҷавон ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардидааст.Мавриди ёдоврист, ки 18-уми феврали равон бахшида ба 21-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 01972- и шаҳри Чкалов рӯзи дарҳои кушод доир шуд, ки дар доираи он наздики 100 нафар хонанда аз 5 муассисаи таълимии шаҳр иштирок намуда, бо шароит ва будубоши афсарону сарбозон ошноӣ пайдо намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






