Хатлон нахустихтиёриёнро ба артиш фиристод
Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар, Мурод Сотиев). — 3 апрел 100 нафар ихтиёриёни ноҳияҳои вилояти Хатлон барои адои хидмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.
Маросими гусели даъватшавандагон бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон, волидайн ва хешу табори онҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳамчунин намояндагони аҳли ҷомеа сурат гирифт.
Раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов зикр намуд, ки хидмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар аст.
Раиси вилоят ҳамчунин иброз дошт, ки теъдоди ихтиёриёне, ки хоҳиши адои хидмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишварро доранд, бамаротиб меафзояд.
Дар маросими ботантанаи гусели ихтиёриён аз номи роҳбарияти вилояти Хатлон ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
Давлатшо Гулмаҳмадов хамчунин бо кори комиссияи вилоятии даъват ба сафҳои артиш шинос шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






