Мақсад: фаҳмонидани моҳияти фаъолияти ММТ

Апрель 21, 2014 14:13

Душанбе, 21.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаҳмондадиҳии моҳияти фаъолияти Маркази миллии тестӣ, тарзи супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба таври тестӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ  бо  хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Файзобод, Роғун, Нуробод,  Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол мулоқотҳои судманд доир намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқотҳо бо довталабони шаҳру ноҳияҳои тобеъ, ки аз 13-ум то 20-уми апрел идома карданд, масъулин  ҷавононро даъват карданд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, бештар аз қайд гузаранд ва бо хоҳиши худашон касби дӯстдоштаашонро интихоб кунанд.

Апрель 21, 2014 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд