Мулоқоти Ҷ. Нурмаҳмадзода бо намояндагони БРЧ
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 10-уми Иттиҳоди байнибонкии СҲШ як гӯруҳи корӣ аз Бонки Рушди Чин (БРЧ), ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, пас аз анҷоми ин ҷаласа оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар масъалаи кушодани хатти қарзии нав бо раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ раиси Раёсати «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба ҳамкориҳои «Амонатбонк» бо БРЧ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар заминаи ҳамкориҳое, ки имрӯз «Амонатбонк» бо Бонки Рушди Чин ба роҳ мондааст, дастовардҳо ва натиҷаҳои хуби ин ҳамкориҳо баррасӣ гардида, тарафҳо аз натиҷаи он изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сипас масъалаи кушодани панҷумин хатти қарзии миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Бонки Рушди Чин, ки он барои дастгирии соҳибкории хурду миёна ва бартараф намудани сатҳи камбизоатӣ бо пешниҳоди қарзҳои хурди истеъмолӣ ба мардум, ҳамчунин рушди соҳибкорӣ дар манотиқи кӯҳистони кишвар мебошад, баррасӣ гардид.
Раиси Раёсат Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба меҳмонон аз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ миёни «Амонатбонк» ва БРЧ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба сипосгузорӣ намуд. Меҳмонон аз корхонаи «Ёқут-2000»-ум ва чанд корхонаи дигари истеҳсолии шаҳри Душанбе, ки бо маблағҳои қарзии БРЧ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, дидан намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






