Мушкилии банкомат бартараф гардид
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки қаблан иттилоъ додем, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилот дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ хадамоти телефони бовариро ифтитоҳ намудааст.
Муштариёни бонк акнун имкон пайдо намуданд, ки ҳангоми дучор шудан ба камбудию нуқсон дар хизматрасониҳои бонкӣ ба рақами +(992) 44- 600-15-20 занг зада, мутахассисони соҳаро огоҳ намоянд.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта ба телефони боварӣ аз ҷониби шаҳрванди Душанбе оид ба фаъол набудани банкомат, воқеъ дар бинои мағозаи тиҷоратии “Аврупо” муроҷиат шуда буд.
Кормандони масъули бонки хизматгузор камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуданд ва ҳамон рӯз банкомат ба кор шурӯъ кард.
Хотиррасон мекунем, ки телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 фаъолият мекунад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






