Мушкилии банкомат бартараф гардид

Апрель 10, 2014 10:39

Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки қаблан иттилоъ додем, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилот дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ хадамоти телефони бовариро ифтитоҳ намудааст. 
Муштариёни бонк акнун  имкон пайдо намуданд, ки  ҳангоми  дучор шудан ба камбудию нуқсон дар хизматрасониҳои бонкӣ ба рақами  +(992) 44- 600-15-20 занг зада, мутахассисони соҳаро огоҳ намоянд.  
Бояд гуфт, ки  ҳафтаи гузашта ба телефони боварӣ аз ҷониби шаҳрванди Душанбе оид ба фаъол набудани  банкомат, воқеъ дар бинои мағозаи тиҷоратии “Аврупо” муроҷиат шуда буд. 
Кормандони масъули бонки хизматгузор камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуданд ва  ҳамон рӯз банкомат ба кор шурӯъ кард. 
Хотиррасон мекунем, ки телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 фаъолият мекунад.
 
 
 
 

Апрель 10, 2014 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд