Паём: Интернет дар рушди илму фарҳанг нақши муҳим дорад
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 апрел дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки имрӯз интернет барои рушди илму фарҳанг ва пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Имрӯз шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундгарона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон ба таври васеъ истифода мешаванд. Вобаста ба ин ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон бо назардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро рохандозӣ намоянд. То имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар дар ин самт корҳои зиёд амалӣ гардидаанд, вале вазъи риояи қонун ва тартибот дар кишвар, аз ҷумла дар байни ҷавонон ва ноболиғон ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад. Эмомалӣ Раҳмон ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дод, ки ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқувайронкуниҳоро аз ҷониби ноболиғон ҳамаҷониба омӯхта, дар муддати шаш моҳ лоиҳаи қонун дар бораи асосҳои низоми огоҳкунӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғонро таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






