Рӯзи дарҳои кушодаи осорхонаҳо

Апрель 4, 2014 14:26

Душанбе, 4.04.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Фардо дар ҷумҳурӣ рӯзи дарҳои кушодаи осорхонаҳо зери унвони «Як рӯзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона» доир мегардад,- гуфт Шаҳло Абдуллоева, сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ- фароғатии ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба иқтидор, хусусиятҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии кишварамон дар қатори дигар самтҳои соҳаи сайёҳӣ, туризми таърихиву фарҳангӣ ва этнографӣ низ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон гардидааст.
Дар робита ба ин мақсад аз баргузории чорабиниро масъулини  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушди туризми дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси фарҳангии кишвар, ҳамчунин бобати иҷрои  Протоколи ҷаласаи  12-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Апрель 4, 2014 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ