Шаҳристон ба кадрҳои ҷавон ниёз дорад

Апрель 10, 2014 09:20

Душанбе, 10.04.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Раиси ноҳияи Шаҳристон Наим Набизода зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёне, ки аз ноҳияи Шаҳристон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил менамоянд, аз мулоқоти Президенти кишвар бо ҷавонон ёдоварӣ намуда, гуфт, ки: «Сарвари  Давлат  Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро “кишвари ҷавонон” номида, изҳор дошт: “Мо орзуманди онем, ки шумо ҳамеша сарбаланд бошед, зеро донишу истеъдод ва неруи созандаи шумо мояи ифтихор ва сари баланди халқи бузургвори мост. Тоҷикон ҳамчун  халқи куҳанбунёд дар тӯли таърих бо бузургону фарзонагони илму фарҳанги оламгир, фарзандони ҷасуру фидоӣ ва содиқу сазовори номи неки миллат соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гардидаанд. Бо ёдоварӣ аз бунёду навсозии муассисаҳои сершумори таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра таъкид гардид, ки наврасону ҷавонони кишвар бояд имконоти муосири муҳайё намудаи давлати соҳибистиқлоли  худро  пурсамар  истифода бурда, кадрҳои ояндасози Тоҷикистони азиз гарданд».
Наим Набизода  доир ба имтиёзоту шароитҳои муҳайё гардида маълумот дода, донишҷӯёни ноҳияро  даъват намуд, ки баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, ба насли наврас дарс омӯзонанд, зеро ноҳияи Шаҳристон ба кадрҳои ҷавон эҳтиёҷманд аст.
Муовини ректори донишгоҳ Абдулфаттоҳ Раҳимов зикр намуд, ки имрӯз дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултаҳои мухталифи донишгоҳ 356 нафар ва тибқи квотаи Президентӣ 43 нафар донишҷӯи ин ноҳия таҳсили илм мекунад. 
 Тавре ки роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён ба раиси ноҳия ва роҳбарияти донишгоҳ доир ба мушкилоти  хеш суолҳо манзур  намуданд.
 
 
  
 

Апрель 10, 2014 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд