Суғд: маҳсулоти саноатӣ ба 708,8 млн сомонӣ расид

Апрель 18, 2014 14:00

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар семоҳаи аввали соли равон  раванди рушди бемайлон идома ёфта, маҳсулоти умумии минтақавӣ дар вилояти Суғд ба 1 миллиарду 726,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,7 фоиз мебошад.
Бар пояи нишондиҳандаҳои оморӣ саноатчиёни вилоят дар давраи ҳисоботӣ ба ҳаҷми умумии 708,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят анфзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят аз ҳисоби бахши хурду миёна 135,9 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин росто корхонаҳои саноатии калони вилоят дар навбати худ афзоишро ба 101,4 фоиз таъмин карданд. Саҳми корхонаҳои хурду миёна дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилоят ба 24,9 фоиз баробар шуд.

Апрель 18, 2014 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш