Судяҳо танҳо ба Сарқонун ва қонун итоат мекунанд
Душанбе, 18.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Сарқонун (Конститутсия) муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, таъмини ҳифзу риояи онро кафолат медиҳад. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб шудаанд, тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсе ҳуқуқи ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надорад. Вобата ба ин мавзӯъ бо Тимур Ҳафизов, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе суҳбат намудем.
Мавсуф гуфт:
-Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Сарқонун ва қонун итоат мекунанд. Баъди ба вуқӯъ пайвастани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таҳкими пояҳои ҳокимияти судӣ ва самаранокии фаъолияти мақомоти судӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар низоми мақомоти давлатӣ мақомоте, ки адолати иҷтимоиро ба амал мебарорад, ин мақомоти судӣ мебошад. Таъмини ҳуқуқ, кафолати озодӣ ва амнияти шаҳрвандон, яъне фароҳам овардани шароит барои ҳокимияти воқеӣ, қонун ва адолат дар дасти ин мақомот аст.
Аз таҷрибаи судӣ собит мегардад, ки ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва вайронкунии адолат маҳз дар соҳаи ҳаёти идоракунӣ бештар ба назар мерасад, ки ин боиси афзоиши баҳсҳои шаҳрвандӣ гардидааст. Аз ин рӯ, судҳои ҳамаи марҳилаҳоро лозим аст, ки ҳангоми баррасию ҳалли баҳсҳои шаҳрвандӣ баҳри ҳимояи адолати иҷтимоӣ бештар кӯшиш ба харҷ дода, ба он ноил гарданд, ки манфиатҳои шахсу давлат тибқи Сарқонун ва қонун таъмин гарданд. Ин яке аз пояҳои муҳими устуворию шаҳомати ҳокимияти судӣ ва расидан ба ҷомеаи мутамаддин мебошад.
Мақсади иброз доштани чунин ақидаҳо дар он аст, ки дар фаъолияти мақомоти судӣ ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд. Сифату сатҳи баррасии баъзе парвандаҳо ба талаботи меъёрии Сарқонуну қонун пурра ҷавоб намедиҳанд ва натиҷаи баъзе ҳукму ҳалномаҳо ва таъйиноте, ки судҳо мебароранд, на ҳамеша тарафҳоро қонеъ мегардонанд. Бинобар ҳамин, чунин камбудиҳо торафт баҳсҳоро дар мақомоти судӣ афзоиш медиҳанд.
-Тавре ки аз суханҳои Сарвари Давлатамон бармеояд, нақши ҳокимияти судӣ дар амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бениҳоят назаррас мебошад. Аз ҳамин хотир, сатҳи инкишофи ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дастовардҳои шоистаи он ба сифати кори ҳокимияти судӣ, меҳнати фидокоронаю ғайрату кӯшиши ҳайати ин ҳокимият вобастагии ногусастанӣ дорад. Чунки татбиқи адолати иҷтимоиро чун маҳаки ҳастии ҷомеаи мутамаддин бидуни таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун тасаввур намудан имконнопазир аст,- иброз дошт Тимур Ҳафизов, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






