Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон — дар маркази таваҷҷӯҳ

Май 5, 2014 16:51

Душанбе, 05.05.2014. (АМИТ «Ховар,  Марҳабои  Азамат). —   Вақтҳои охир  қариб  ҳар  рӯз дар  ВАО  хабарҳо  дар  бораи ҷинояткориҳои  ноболиғон  пайдо  мешаванд. 
Барои  коҳиш  ёфтани  ҷинояткориҳои  ноболиғон, дар  айни  ҷавонӣ  паси  панҷара  нашудан  ва  дар  муассисаҳои  ислоҳотӣ  дучори  азобу  азият  нагардидани онҳо  чӣ  бояд  кард? 
Ин  масъалаҳо  ва масоили  дигар  дар   маркази  диққати  иштирокдорони  мизи  мудаввари «Дастрасии  ноболиғон ба  қонуният  чун  ҷузъи  ислоҳоти  низоми  ҳифзи  ҳуқуқҳои ҷинояткории  наврасон  дар  Тоҷикистон», ки  чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе  баргузор гардид,  қарор  доштанд.
Чорабинӣ  бо  ибтикори Созмони  ҷамъиятии «Маркази  ҳуқуқҳои  кӯдак»  дар  ҳошияи  лоиҳаи  «Ҳар  кӯдак қадр  дорад» бо  дастгирии  молиявии Сафорати  Амрико  дар  Тоҷикистон  роҳандозӣ  шуд.
Ташаббускори  мизи  мудаввар,  роҳбари Созмони  ҷамъиятии  «Маркази  ҳуқуқҳои  кӯдак»  Гулчеҳра  Раҳмонова,   иштирокдорони  чорабиниро   хайрамақдам  гуфта, дар  бораи  масоили  баррасишаванда,  проблемаҳои  дастрасии  ноболиғон  ба  ҳифзи хушсифати  ҳуқуқҳояшон  сухан  ронд. 
Намояндаи  Вазорати  адлияи  ҷумҳурӣ  Абӯбакр  Иномов дар  мавзӯи «Нигоҳи нав  ба  ислоҳоти  низоми ҳуқуқҳои наврасон дар  мавриди  расонидани  ёрии  ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки қонуншиканӣ  кардаанд» аз он  изҳори ташвиш  намуд, ки кӯдакони ба комиссияи  оид ба  ҳуқуқҳои  кӯдак  фиристодашуда ҳатман  ба муассисаҳои  махсуси ислоҳоти  фиристода  мешаванд, ки  ин  ба  руҳия  ва  тарбияи  ноболиғон таъсири  манфӣ  мерасонад. 
Гулчеҳра  Раҳмонова  дар навбати  худ  изҳор  дошт, ки  лоиҳаи  қонунро  бояд  ҳамаи  сохторҳои  манфиатдор  муфассал муҳокима намуда,   таҷрибаи  хориҷиён  дар ин  бахш муфассал  омӯхта  шавад. 
Намояндаи  Коллегияи  адвокатҳои  ҶТ  Баҳодур  Саидов  аз  масоили амалияи  адвокатҳо  ҷиҳати  ҳифзи  ҳуқуқҳои  кӯдакон   нақл  кард. 
Иштирокдорони  мизи  мудавар баъди  муҳокимаи муфассали  масъалаҳои   зикршуда   тавсияҳои  дахлдор  қабул  карданд.

Май 5, 2014 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад