Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон — дар маркази таваҷҷӯҳ
Душанбе, 05.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). — Вақтҳои охир қариб ҳар рӯз дар ВАО хабарҳо дар бораи ҷинояткориҳои ноболиғон пайдо мешаванд.
Барои коҳиш ёфтани ҷинояткориҳои ноболиғон, дар айни ҷавонӣ паси панҷара нашудан ва дар муассисаҳои ислоҳотӣ дучори азобу азият нагардидани онҳо чӣ бояд кард?
Ин масъалаҳо ва масоили дигар дар маркази диққати иштирокдорони мизи мудаввари «Дастрасии ноболиғон ба қонуният чун ҷузъи ислоҳоти низоми ҳифзи ҳуқуқҳои ҷинояткории наврасон дар Тоҷикистон», ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарор доштанд.
Чорабинӣ бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқҳои кӯдак» дар ҳошияи лоиҳаи «Ҳар кӯдак қадр дорад» бо дастгирии молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Ташаббускори мизи мудаввар, роҳбари Созмони ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқҳои кӯдак» Гулчеҳра Раҳмонова, иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфта, дар бораи масоили баррасишаванда, проблемаҳои дастрасии ноболиғон ба ҳифзи хушсифати ҳуқуқҳояшон сухан ронд.
Намояндаи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Абӯбакр Иномов дар мавзӯи «Нигоҳи нав ба ислоҳоти низоми ҳуқуқҳои наврасон дар мавриди расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки қонуншиканӣ кардаанд» аз он изҳори ташвиш намуд, ки кӯдакони ба комиссияи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак фиристодашуда ҳатман ба муассисаҳои махсуси ислоҳоти фиристода мешаванд, ки ин ба руҳия ва тарбияи ноболиғон таъсири манфӣ мерасонад.
Гулчеҳра Раҳмонова дар навбати худ изҳор дошт, ки лоиҳаи қонунро бояд ҳамаи сохторҳои манфиатдор муфассал муҳокима намуда, таҷрибаи хориҷиён дар ин бахш муфассал омӯхта шавад.
Намояндаи Коллегияи адвокатҳои ҶТ Баҳодур Саидов аз масоили амалияи адвокатҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон нақл кард.
Иштирокдорони мизи мудавар баъди муҳокимаи муфассали масъалаҳои зикршуда тавсияҳои дахлдор қабул карданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






