Баррасии ҳамкориҳои илмии Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе,05.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу мулоқот кард. Дар вохӯрӣ асосан масъалаҳои илмии байни ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамзабон баррасӣ гардиданд.
Тавре ки дар ин бора котиби масъули АИТ Саёҳат Иброҳимова хабар дод, Фарҳод Раҳимов аз ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, ки солҳои зиёд дар бахшҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштааст, ки дар оянда кӯшиш бар он мекунем, ки ҳамкориҳои илмии байни ин кишварҳоро боз ҳам густариш дода, мустаҳкамтар намоем.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот Абдулғафури Орзу — сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон фаъолияти Академияи илмҳои Афғонистонро муаррифӣ намуда, иттилоъ додааст, ки Академияи илмҳои Афғонистон имрӯзҳо дар тобеияти худ Институти илмҳои ҷамъиятшиносӣ, Институти таърих, Институти адабиёт, маркази омӯзиши кушанҳо, маркази омӯзиши забони пашту ва маркази илмҳои табииро доро мебошад ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии дуҷониба байни Тоҷикистону Афғонистон барои пешрафти илми мамлакаташон хеле муҳим мебошад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






