Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз 6 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ оид ба ифтитоҳи расмии раванди татбиқи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки дар асоси қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” тасдиқ шудааст, доир мегардад.Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар 8 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд бо ҳаҷми умумии 23 миллион доллари ИМА дар давоми солҳои 2014-2019 амалӣ мегардад. Мақсади лоиҳа баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии як зумра ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон бо воситаи ворид намудани усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад. Ин ҳадаф ба воситаи ворид намудани Маблағгузории соҳаи тандурустӣ барои баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор, заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустии вилоятҳои Хатлону Суғд амалӣ хоҳад шуд. Бино ба маълумоти вазорат дар 24 муассисаи сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба аҳолии ноҳияҳои Ёвон, Ҷ. Румӣ, Қубодиён, Фархори вилоти Хатлон ва Спитамен, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ, Ғончии вилояти Суғд хизматрасонии тиббию санитарӣ мерасонанд, корҳои сохтмонию азнавбарқароркунӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонидани онҳо пешбинӣ мешавад. Дар баробари ин, дар доираи амалигардонии лоиҳаи мазкур бозомӯзонӣ ва таълими мунтазами зиёда аз 800 нафар мутахассиси соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар назар гирифта шудааст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






