Беларус фарҳангу тамаддуни худро муаррифӣ менамояд
Душанбе, 19.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки соли оянда дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус баргузор хоҳанд шуд. Олга Гаврук-Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Чумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоташ бо Сайдулло Хайруллоев-раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар ин хусус иттилоъ додааст. Дипломати Беларус доир намудани Рӯзҳои фарҳангии кишварашро дар Тоҷикистон чорабинии бузурги фарҳангӣ ва омили асосии боз ҳам наздик шудани мардумони ду кишвари дӯсту бародар ва муаррифии фарҳангу тамаддуни кишвараш ба халқи тоҷик арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ намунаҳо аз бахшҳои адабиёт, санъат, осори таърихиву фарҳангӣ, мусиқии суннатию касбӣ, филмҳои мустанаду ҳунарӣ ва дигар дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Беларус ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






