Оқибати фоҷиавори сархушӣ
Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, 25 апрели соли равон, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи мошини тамғаи «BMW»,, Орзуев Саймурод Алиевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Чорсадаи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи мазкур қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба симчӯби ноқилҳои барқ бархӯрда, онро зада афтонидааст.
Баъд аз шунидани ин хабар кормандони шуъбаи БДА-и шуъбаи ВКД дар ноҳияи Нуробод ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳолати корро пурра муайян карданд.
Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки ронанда С.А. Орзуев дар ҳолати сархушӣ қарор дошт. Бинобар ин, кормандони шуъбаи БДА номбурдаро барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод оварданд. Мувофиқи протоколи муоинаи ҳолати мастӣ таҳти №956 аз 25.04.с.2014 ронанда С.А. Орзуев дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Манбаъ зикр менамояд, ки аз тарафи кормандони шуъбаи БДА шуъбаи ВКД нисбат ба ӯ бо моддаи 332 қисми 1- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи зарурӣ тартиб дода шуд.
Сипас кормандони шуъбаи БДА аз дидбонгоҳи Лаби Ҷар ронанда Орзуев Саймурод Алиевичро барои ба хона рафтан ҷавоб дода, ба мошини шаҳрванд Саидов Қурбоналӣ Мирзоҳамидович, сокини деҳаи Комсомолободи ноҳияи Нуробод савор карданд.
29 апрели соли 2014 падари ронанда Алӣ Орзуев бо ариза ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Нуробод муроҷиат карда, гуфтааст, ки писараш С. Орзуев муддати се шабонарӯз беному нишон ғайб задааст.
Бо супориши роҳбарияти шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур ҳайати шахсӣ барои кофтукови С.А. Орзуев вазифадор шуд. Рӯзи 30 апрели соли 2014 аз тарафи кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Нуробод ҷасади С. Орзуев дарёфт шуд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки номбурда ҳангоми гузаштан аз болои пули дарёи Чанор, ки баландиаш тахминан 60-70 метрро ташкил медиҳад, афтида ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса аз тарафи гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Нуробод ва кормандони Прокуратура маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






