Суғд: Баррасии мавзӯи “Озодии ВАО дар Тоҷикистон”

Май 5, 2014 15:27

Хуҷанд, 5.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-«Озодии ВАО дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо»- чунин буд мавзӯи мизи мудавваре, ки  субҳи имрӯз дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси АМВАОМТ ва Шӯрои ВАО дар ҳамдастӣ бо дафтари САҲА дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар якчанд мавзӯъ, аз ҷумла «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти чопӣ ва дигар ВАО: имкониятҳо ва масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот», «Дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқӣ ва мушкилоти ҳимояи ҳуқуқҳои ВАО ва рӯзноманигорон дар вилояти Суғд»,  «Масъалаи риояи меъёрҳои журналистӣ дар фаъолияти ВАО», «Омилҳое, ки ба рушди озодии ВАО дар вилояти Суғд халал мерасонанд» баррасӣ шуданд. 
Баъдан миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар интиҳо рӯзноманигорон ба ёди ҳамқаламони фавтида ва шаҳиди худ лаҳзае сукут намуданд.

 
 

Май 5, 2014 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш