Э. Раҳмон: Ваҳдатро ҳамчун неъмати гаронбаҳо эҳтиёт бояд кард
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дастоварди бузурги миллиамон — ваҳдатро ҳамчун неъмати гаронбаҳо эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳкими он сафарбар намоем»,- гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии хеш бахшида ба Ваҳдати миллӣ.Соҳиби давлати соҳибихтиёр ва соҳибватан будан барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамини аҷдодӣ бахти бузург мебошад ва аз ин рӯ, дарки воқеияти раванду рӯйдодҳои ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки дар масъалаи арзёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ҳамеша боэҳтиёт бошем ва дурандешии сиёсӣ зоҳир намоем.«Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд»,-таъкид сохт Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






