Хатнасури дастаҷамъии 100 кӯдак дар Фархор

Июнь 12, 2014 10:53

Фархор, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол). Дирӯз дар ноҳияи Фархор аз ҷониби шуъбаи маориф фестивали кӯдакону наврасон таҳти унвони «Кӯдакон меваи боғи истиқлолиятанд» бо ҷалби беш аз 1000 тамошобин гузаронида шуд. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғазалшо Сафаров иброз дошт, дар фестивал бештар кӯдакон аз синфҳои ибтидоӣ ширкат варзида, табъи ҳозиринро бо қироати шеър ва достонҳо болида гардониданд . Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби соҳибкорон ва раисони чамоатҳо туйи хатнасури 100 нафар кӯдакон гузаронида шуд, ки бештари онҳо ба оилаҳои камбизоат мансубият доштанд. Дар ҷараёни фестивал 12 нафар кӯдакони дар соли хониш беҳтарин ба шумор рафт, бо нишонаи сарисинагии «Соҳибватан» сарфароз гардонида шуданд. Хонандагони синфҳои болоие, ки дар олимпияда ва озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои муайянро ишғол намуданд аз ҷониби шуъбаи маориф бо ифтихорномаҳо қадр шуданд. Мавриди ёдоварист, ки дар ин рӯз сохтмони муассисаи томактабии №4 ба номи Спитамен дар деҳаи Марғзори ҷамоати деҳоти Ғалаба ба итмом расида, ба истифода дода шуд.

Июнь 12, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад