Хатнасури дастаҷамъии 100 кӯдак дар Фархор
Фархор, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол). Дирӯз дар ноҳияи Фархор аз ҷониби шуъбаи маориф фестивали кӯдакону наврасон таҳти унвони «Кӯдакон меваи боғи истиқлолиятанд» бо ҷалби беш аз 1000 тамошобин гузаронида шуд. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғазалшо Сафаров иброз дошт, дар фестивал бештар кӯдакон аз синфҳои ибтидоӣ ширкат варзида, табъи ҳозиринро бо қироати шеър ва достонҳо болида гардониданд . Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби соҳибкорон ва раисони чамоатҳо туйи хатнасури 100 нафар кӯдакон гузаронида шуд, ки бештари онҳо ба оилаҳои камбизоат мансубият доштанд. Дар ҷараёни фестивал 12 нафар кӯдакони дар соли хониш беҳтарин ба шумор рафт, бо нишонаи сарисинагии «Соҳибватан» сарфароз гардонида шуданд. Хонандагони синфҳои болоие, ки дар олимпияда ва озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои муайянро ишғол намуданд аз ҷониби шуъбаи маориф бо ифтихорномаҳо қадр шуданд. Мавриди ёдоварист, ки дар ин рӯз сохтмони муассисаи томактабии №4 ба номи Спитамен дар деҳаи Марғзори ҷамоати деҳоти Ғалаба ба итмом расида, ба истифода дода шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






