Мавсими лагерҳои тобистона оғоз меёбад
Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Тибқи дурнамо аз 12 июн дар Тоҷикистон лагерҳои тобистонаи кӯдакону наврасон ба кор шурӯъ мекунанд.
Тавре ки мудири шуъбаи фарҳанг, кори байни омма ва сиёсати бахши ҷавонони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Саъдӣ Машидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ситоди «Тобистон – 2014» таъсис ёфтааст, ки ба он роҳбарони кумитаҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ ва кормандони масъули Федератсия шомиланд. Ситоди мазкур барои омодагирӣ ба истироҳати мактабиён дар фасли тобистон корҳои назаррасро анҷом медиҳад.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол дар саросари кишвар ифтитоҳи 4 ҳазору 227 лагер дар назар аст.
Тахмин меравад, ки лагерҳо дар чор баст кор карда, дар ҳар басти он 357 ҳазору 242 нафар истироҳат мекунад. Имсол ятимони оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат, гирандагони идрорпулӣ — аъзои Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ, чун солҳои пештара, метавонанд дар лагерҳо ба таври ройгон истироҳат кунанд.
Хотирнишон месозем, ки соли гузашта дар 3 ҳазору 779 лагер 350 ҳазору 253 нафар кӯдакону наврасон истироҳат карда буданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






