Пешниҳоди рӯйхати марказҳои имтиҳонии эҷоду маҳорат аз ҷониби ММТ
Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ба диққати он довталабоне, ки ихтисосҳои самти санъат, дизайн, меъморӣ, динӣ (исломӣ) ва варзиширо интихоб кардаанд, мерасонем, ки аз 10 то 19 июл имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат дар 14 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, 63/3, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ш. Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ш. Кӯлоб, маҳаллаи Сангак Сафаров, 16, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Айнӣ, 67, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шахри Хуҷанд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Ленин, 226 ва дар дигар нуқтаҳо баргузор мегарданд.
Маълумоти бештарро аз тариқи сомонаи маркази Миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ntc.tj дастрас намоед.
Дар ин бора Ситорабону Назарова сухангӯи марказ иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






