Суғд: 322 нафар соҳиби квотаи Президентӣ
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Соли ҷорӣ ба вилояти Суғд барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ 324 ҷой, аз ҷумла 165 ҷой барои духтарон ва 159 ҷой барои писарон муқаррар шуда буд.
Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз 1 то 15 июни соли ҷорӣ бо довталабон барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ суҳбат гузаронида шуд.
Ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, соли равон барои соҳиб гаштан ба квота 1144 нафар довталаб — хатмкунандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар натиҷаи сӯҳбат 322 нафари он ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қабул гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






