«Тоҷикон бо хиради воло ба сулҳ расиданд»: Н.Зоиров
Душанбе, 26.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Назрихон Зоиров — мушовири фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон зимни мусоҳиба бо хабарнигори хабаргузории Дафтари Мутолиоти Эрон ва АвруОсиё (ИРАС) 27 июнро, ки ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, рӯзи фаромӯшнашаванда ва мунҳасир барои мардуми тоҷик унвон кардааст.
Дипломати тоҷик гуфтааст, ки ба имзо расидани санади таърихӣ— Созишномаи умумумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, дастоварди бузурги тоҷикон дар масири таърих буд. Ин санад ба таъмини сулҳу субот, ваҳдату ризоият ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон нақши муасссир гузошт. Инчунин нақши муассири Эронро дар имзои ин Созишнома ва тақвияти рӯзафзуни ҳамкориҳои ду кишвари ҳамзабонро дар соҳаҳои мухталифро махсус таъкид намудааст.
Мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар идомаи суҳбат бо дахли аҳамияти ин санади сарнавиштсоз зикр кардааст, ки Созишномаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон саҳифаи наверо дар таърихи истиқоли Тоҷикистон боз намуд. Н. Зоиров тоҷиконро миллате бо хиради воло ва фидокору бо шараф унвон намуда, гуфтааст,ки имрӯз дар баъзе нуқоти доғи сайёра, ки ба даргириҳои низомӣ мувоҷеҳанд, метавон барои субот аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода кард. Ҳамзамон дипломати тоҷик ба пешрафтҳои Тоҷикистон ишора намуда, таъкид кардааст, ки мардум ва давлатмардони тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳи деринтизор ба кори ободонию созандагӣ машғуланд ва тавонистанд дар кутоҳтарин муддат кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намуда, чандин тарҳҳои ободониро ба анҷом расонанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






