Ҷалби магистрантон ба Донишкадаи молия ва иқтисод
Душанбе, 18.07.2014. (АМИТ «Ховар», Маҳина Сафоева).- Дар соли таҳсили 2013-2014 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 8-монография, 7-китоби дарсӣ, 32-воситаи таълимию дастури методӣ дар Шӯрои илмӣ -методӣ баррасӣ гардида ба чоп тавсия шудаанд. Инчунин аз ҷониби ҳайати профессорону устодон 560 мақолаҳои илмӣ дар маҷмуаҳои гуногуни дохилӣ ва хориҷӣ ба чоп расидаанд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Ашурбой Солиев.Тибқи иттилои ректори донишкада моҳи майи соли 2014 нахустин шумораи маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ» ба табъ расид, ки 5 бахшро фаро мегирад.Қайд кардан зарур аст, ки дар донишкада сол ба сол тамоюли рушди кадрҳои илмӣ дида мешавад.Нисбат ба соли 2009 алҳол шумораи номзадони илм ба 98 нафар расидааст. Дар аспирантураи донишкада айни замон 31 нафар аспирантон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки онҳо бо мавзӯъҳои таҳқиқотӣ ва роҳбарони илмӣ таъмин мебошанд.Инчунин Ашурбой Солиев зикр намуд, ки тибқи низомномаи Комиссияи аттестатсионии давлатӣ донишҷӯёне, ки донишкадаро дар зинаи мутахассис ва бакалавр бо баҳои аъло хатм менамоянд, метавонанд ба ҳайси аспирант ва магистр қабул гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






