Ҷумъазод Мурод Хол: Пешрафти иқтисодиёт аз баҳрабардории сарватҳои зеризаминӣ вобастагӣ дорад

Июль 9, 2014 13:50

Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ «Ховар»).-Чун анъана ҳар сол Президенти Тоҷикистон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён мекунад ва барои беҳтар намудани фазои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар ба вазорату идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад. Дар пайёми имсолаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ тамоми сохторҳои давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои иқтисодӣ дар кишвар вазифадор гардиданд. Дар ин робита суҳбате доштем бо сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҷумъазод Мурод Хол.1. Дар паёми имсола ба геологҳои Тоҷикистон чӣ вазифаҳо гузошта шуд?Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин худ як барномаест, ки тамоми паҳлўҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро дар бар мегирад. Соҳаи геология ин яке аз шохаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад ва дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, пешрафти он мавқеи хоси худро дорад. Чун 93 дарсади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин куҳҳо дорои сарватҳои бебаҳо, садҳо кон ва зуҳуроти бисёр навъҳои ашёи маъданӣ мебошанд, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Аз он ҷумла, яке аз ин вазифаҳо ин таҳия ва пешниҳоди Барномаи омўзиши геологии захираи металлҳои нодир барои солҳои 2015- 2025 мебошад. Ва имрўз мутахассисони Саридора дар пайи омода сохтани ин барнома мебошанд. ва мо боварӣ дорем, ки сари вақт ва бо сифати баланд ин супориши Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом мерасонем.2. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи кадом нақша ё роҳнамо омўзиши геологиро ба роҳ монда аст?Чӣ тавре иброз доштем Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиие мебошад, ки сад дарсади он ҳанўз мавриди коркарду истифода қарор нагирифтааст. Пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дараҷаи баландшавии сатҳи зиндагии мардум бошад, пеш аз ҳама аз бозёфту мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани сарватҳои зеризаминӣ вобастагӣ дорад. Табиист, ки барои пешрафти соҳаи геология солҳои охир диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо дастгирии Роҳбари Давлат чанд барномаи давлатӣ мавриди амал қарор дорад, ки яке аз онҳо «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» мебошад, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз декабри соли 2011 тасдиқ гардидааст. Ин барнома имрўз дар ҳоли амалишавӣ қарор дошта, сол ба сол афзуншавии базаи ашёи минералии канданиҳои фоиданок дар ҷумҳурӣ назаррас аст. 3. Дар соҳаи геология ҳамкориҳо бо созмонҳои заминшиносии дигар давлатҳо ё ҷалби сармояи хориҷӣ чи гуна ба роҳ монда шудааст?Дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва маъдани Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки моҳи январи соли 2010 ба имзо расида буд, Маркази нави фановарии иттилоотӣ ба истифода дода шуда, маркази мазкур ба ҳалли масъалаҳои марбутаи соҳа шуруъ намудааст. Ин марказ дар бахшҳои гуногун, аз қабили геоматика ва фановарии иттилоотӣ, сейсмотектоника, ҷустуҷўю иктишоф, магматизм ва вулқоншиносӣ, стратиграфия, омўзиши кўлҳо ва заминшиносии тиббӣ фаъолият дорад.«Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти истифодабарии қаъри замини Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омўзиши геологии қаъри замин» ба имзо расид, ки дар доираи он Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор пажуҳишгоҳҳо ва сохторҳои Федератсияи Русия оид ба лоиҳаҳои гуногуни соҳавӣ ҳамкорӣ мекунад. Аз соли 2009 инҷониб дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти геологии Финляндия ҳамкориҳо идома доранд.Дар асоси Созишнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба гузаронидани корҳои муштараки омўзиши геологии ҳудудҳои наздисарҳадӣ ва ҳангоми омўзиши маводҳои минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки дар бисёр масъалаҳо нисбати сохти геологии ин минтақаҳо фарқиятҳо вуҷуд доранд.Бо мақсади иҷрои корҳои мазкур ва амалӣ гардонидани талаботи созишномаи баимзорасида мутахассисони Хадамоти геологии Ҷумҳурии мардумии Чин якҷоя бо мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 30 геологҳои ҷавони Тоҷикистон ва 15 роҳнамоёни ҷавон аз ҳисоби мактаббачаҳо дар минтақаҳои мазкур корҳои геохимиявӣ гузарониданд.Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи илмҳои геологӣ ва захираҳои табиӣ ҳамкориҳо дар бахши баҳодиҳии иқтисодии захираҳои табиӣ ба роҳ монда мешавад. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ намояд ва дар оянда баҳри рушди соҳаи геологияи тоҷик аз технологияҳои нави кишварҳои тараққикарда истифода барад.4. 93 дарсади Тоҷикистонро кўҳҳо ташкил медиҳанд ва кадом намуди захираҳои ашёи минералӣ дар онҳо маҳфузанд?Геологҳо садҳо кон ва зуҳуроти беш аз 50 навъи ашёи маъданӣ кашф намудаанд, ки бахше аз онҳо имрўз дар истихроҷ аст. Имрўз даҳҳо корхонаи саноати кўҳкорӣ аз қабили Комбинати тиллои Зарафшон, Комбинати симобу сурмаи Анзоб, Комбинати руҳу сурби Адрасмон, Комбинати флюорити Такоб, Корхонаи тавлиди тиллои Дарвоз, Корхонаҳои намаки таоми Восеъ, Ашт ва Ёвон, Корхонаи ҳидрофилизии Исфара ва Комбинати сементи Душанбе фаъолият доранд, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор коргар фаъолият менамояд. Дар заминаи ин корхонаҳо шаҳру шаҳракҳои Чкаловск, Табошар, Қайроққум, Адрасмон, Сарвода, Консой, Зарнисор, Шўроб, Сомониён, Такоб ва Суғдиён обод шудаанд. Бояд гуфт, ки 80 дар сади сурмаю симоби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон маҳфуз аст . Аз ҷиҳати миқдори захираҳои сурмаву симоб дар дунё пас аз Чин Тоҷикистон мақоми дуюмро ишқол менамояд. Бесабаб нест, ки дар замони шўравӣ дар ин водӣ комбинати Анзоб бунёд шуда буд, ки ин филизотро тавлид мекард ва ба шарофати ин корхона шаҳраке бо номи Сарвода қомат рост кард. Дигар мисол сифати ангиштсанги кони Назарайлоқ мебошад, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад ва ин хел мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст.5. Чӣ тавре медонем маълумотҳои геологӣ дар бойгонии Саридораи геология бо забони русӣ ҷамъоварӣ шудааст. Имрўз татбиқи Қонуни забон дар бораи забон дар Саридора чӣ гуна ба роҳ монда шуда аст?Солҳои охир бо шарофати истиқлолият дар соҳаи заминшиносии ҷумҳуриамон низ навигариҳои зиёд ба назар мерасанд. Аз ҷумла, мавқеи забони тоҷикӣ дар илми заминшиносӣ мустаҳкам шуда истодааст. Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки мо бомасъулият ва дурандеш бошем, то ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ гардем. Боиси хурсандист, ки имрўз ба шарофати истиқлол забони тоҷикии мо мақоми давлатӣ дорад, давлат ва Сарвари кишварамон Ҷаноби Олӣ ҳар гуна ташаббусро дар ин кори хайр дастгирӣ карда, барои нашри китобҳои дарсӣ маблағҳои зиёд сарф менамоянд.Имрўз дар Саридораи геология тамоми корбарӣ тибқи талаботҳои Қонуни амалкунандаи кишвар дар бораи забон ба роҳ монда шуда аст. Лоиҳаҳо ва ҳисоботҳои геологӣ бо забони давлатӣ таҳия шуда, баррасии онҳо ва дигар масъалаҳо дар Шўрои илмӣ- техникии Саридора асосан ба забони давлатӣ сурат мегирад. Мутахассисони ҷавони Саридораамон, ки аксарияти шумораи кормандонро ташкил медиҳанд, кўшиш менамоянд, ба ҷуз забони модариашон боз аз забонҳои русӣ ва англисӣ бархурдор бошанд.Кормандони Саридораи геология саъю кўшиш доранд, ки барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон заминаи боэътимоди ашёи минералӣ омода созанд ва тавре кору фаъолият менамоянд, ки дар амалӣ гаштани мақсади наҷиби Сарвари кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини ҳар чи бештари истиқлолияти иқтисодии ватан саҳмгузор бошанд, гуфт зимни суҳбати ихтисосӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазод Мурод Хол.Мусоҳиб: Фарзонаи Давлат

Июль 9, 2014 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд