Сафари расмии Сергей Лавров ба Тоҷикистон

Июль 29, 2014 15:05

Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ ).-Пагоҳ, 30-юми июли соли 2014 вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Нахуст вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо арзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. Пас аз он мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия бо иштироки ҳайатҳо доир мегардад. Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаи ин гуфтушунидҳо Изҳороти муштараки матбуотӣ бо намояндагони ВАО доир гардад. Дар чорчӯби ин сафар вохӯрии вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо дипломатҳои ҷавони тоҷик баргузор мегардад.Инчунин дар назар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров мулоқот менамояд .Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.Сафорати Федератсияи Русия фаъолияти худро дар шаҳри Душанбе 4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе оғоз кард. Ҳамзамон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав 18 декабри соли 1993 таъсис ёфт. Айни замон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Федератсияи Русия фаъолият мекунанд.Дар тӯли зиёда аз 20 соли ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар аксарияти соҳаҳо дарбар мегиранд, ба имзо расидааст. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ — Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст. Тоҷикистон ва Русия оид ба кулли масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳамкориҳои босамар дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоти Иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигарҳо аҳамияти муҳим дода мешавад. Сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия (апрели 2001, июни 2004 ба шаҳри Маскав, октябри 2005 ва июни 2007 ба Санкт-Петербург, октябри 2007 ба Челябинск, августи 2013 ба Ново-Огарёво), инчунин сафарҳои Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба шаҳри Душанбе (ноябри 1999, июли 2000, октябри 2001, апрели 2003, ташрифоти расмии ӯ октябри 2004, августи 2008, сентябри 2011, октябри 2012) мисоли равшани сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд. Натиҷагирии ин вохӯриҳо ба рушди ҳамкориҳои шарикӣ такони тозае бахшида, дар рафти онҳо механизмҳои суръатбахшии раванди иҷрои қарордодҳои басташуда муайян гардиданд. Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзудани гардиши мутақобилаи савдо, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданок, густариши ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ ва фарҳангӣ диққати махсус медиҳанд.Дар ҳошияи равобити сиёсии ҳарду давлат, ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ба таври фаъол ба роҳ монда шудаанд. Соли 2006 дар назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи доимӣ оид ба кор бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР таъсис дода шуд. Миёни вакилони парлумони ду ҷониб мунтазам вохӯриву мулоқотҳои судманд сурат мегиранд. Ҷанбаҳои ҳамкории иқтисодии байни Точикистону Русия пеш аз хама дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян мегарданд. Русия шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард, ки ҳиссаи он дар тавозуни савдои Тоҷикистон 20 фоизро ташкил медиҳад.Тайи чанд соли охир сармоягузории бевоситаи Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 700 млн.дол. ИМА-ро ташкил дод.Тибқи қарордодҳои дуҷонибаи миёни Ҳукумати ҶТ ва ҶСК «Газпром», ҷонибҳо корҳои иктишофии геологиро дар мавзеъҳои нафту гази кишвар амалӣ карда истодаанд.Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ низ босамар тавсеа меёбанд. Ин раванд бо таъсисёбии намояндагии КВД «Россотрудничество», Маркази иттилоотию фарҳангии Бунёди «Русский мир» дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт. Айни замон дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, инчунин филиали ду донишгоҳи пуриқтидори Маскав — Донишгоҳи давлатии Русия ба номи М. Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Маскав фаъолият доранд.Тарғиби фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои маънавии халқҳои Тоҷикистон ва Русия дар муносибатҳои дуҷониба мақоми хоса доранд. Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ва Рӯзҳои адабиёти ду кишвар дар қаламрави якдигар (1997, 1999, 2004, 2005, 2008) ба ҳукми нек даромадаанд. Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия бо назардошти воқеияти муосир тамоюли устувор ба таъмиқу тавсеа доранд. Дар ҳошияи афзун гардидани нақши дипломатияи иқтисодӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русия боз ҳам тақвият ёфта, онҳо торафт ҷабҳаҳои нав ба нави ҳамкориро мувофиқи имконият, ниёзмандӣ манфиатҳои мутақобила ва наздикии мавқеъ оид ба сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фарогиранд.

Июль 29, 2014 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад