Системаи равзанаи ягона ҷорӣ мешавад
Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти нимсолаи хадамот нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст директори КВД Маркази равзанаи ягонаи Хадамоти гумрук Саидҷаъфар Розиев доир ба ҷорӣ кардани системаи иттилотии равзанаи ягона оид ба амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Мақсади ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягона ин барои сода ва шаффоф гузаштани расмиятҳо ҳангоми гирифтани сертификат ва хуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ мебошад. Аҳамияти системаи равзанаи ягона дар он аст, ки дар ҷараёни танзими тиҷорати хориҷӣ атрофи 14-15 вазорату идораҳо иштирок менамоянд. Вақте ки соҳибкор тавассути системаи иттилоотии автоматиконидашудаи ягона дархост ирсол менамояд, вай як маротиба ҳуҷҷатҳоро пур карда, ба портали системаи равзанаи ягона месупорад ва вазорату идораҳои дахлдор ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ба таври фосилавӣ тариқи истифодаи системаҳои иттилоотӣ пешниҳод менамоянд. Саидҷаъфар Розиев зикр намуд, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар минтақаи Душанбе ва дар оянда дар вилоятҳои ҷумҳурӣ давра ба давра системаи равзанаи ягона мавриди истифодадиҳӣ қарор мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






