Ҳамоиши муфиди илмӣ дар Чин

Сентябрь 8, 2014 11:00

Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар Донишгоҳи Синзяни Ҷумҳурии мардумии Чин, ки имсол 90-солагии худро ҷашн мегирад ва яке аз донишгоҳҳои маъруфи мамлакат ба шумор меравад, ҳамоиши 4-уми байналмилалии «Таҳқиқоти минтақавии Осиёи Марказӣ, Осиёи Ғарбӣ ва омӯзиши байналмилалии забони чинӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш донишмандон ва устодони беш аз 20 донишгоҳ ва муассисаҳои илмии Чин ва кишварҳои Осиёву Аврупо ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ аз ҷониби меҳмонони ҳамоиш узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини саркотиби АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони ин ҳамоиши пуршукӯҳи илмӣ изҳори  сипос кард ва аз номи донишмандони тоҷик «Девони мусаввар»-и устод Рӯдакиро ба роҳбарияти донишгоҳи мазкур ҳамчун дастовез ҳадя дод. Ӯ ҳамчунин дар мавзӯи «Маркази илмиву тарҷумаи «Байтулҳикмат» ва мақоми он дар гуфтугӯйи тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб суханронии илмӣ намуд. Ӯ зимни баррасии маркази мазкур ва нақши он дар тарҷума ва тарғиби осори донишмандони Юнони Қадим ба забонҳои шарқӣ, масъалаи омӯхтани суннатҳои маркази мазкур ва истифодаи оқилонаи онҳо дар замони муосир пешниҳод намуд.
Дар ҳамоиш донишмандон ва устодон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва аз дигар донишгоҳҳову муассисаҳои илмии худи Ҷумҳурии мардумии Чин сухан карданд. Ширкаткунандагони ҳамоиш ба шаҳри бостонии Турфон сафар намуда, бо ёдгориҳои таърихии он ошно шуданд. Ҳамоиши мазкур, бешубҳа, барои баррасии масъалаҳои мубрами таърихӣ ва вазъи кунунии минтақаи Осиё хеле судманд буда, барои таҳкими робитаҳои илмии кишварҳои гуногуни олам мусоидат менамояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Сентябрь 8, 2014 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд