“Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раванди ташаккул ва рушди СҲШ”

Сентябрь 3, 2014 10:49

Душанбе, 03.09.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Рӯзи 5-уми сентябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай” баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, мизи мудавар бо ташаббуси маркази мазкур ва Вазорати корҳои хориҷии кишвар гузаронида шуда, дар назар аст дар он коршиносони соҳа иштирок ва маърӯза намоянд.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар нишаст муаррифии монографияи илмии директори марказ таҳти унвони “Фаъолияти Тоҷикистон дар раванди ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай” доир мешавад.
 

Сентябрь 3, 2014 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад