Бинои суди Шоҳмансур ба истифода дода шуд

Сентябрь 8, 2014 10:42

Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бинои суди ноҳияи Шоҳмансур ва толорҳои судӣ барои ноболиғон баъди таъмири асосӣ 6 сентябри соли 2014 ба истифода дода шуд.
Дар маросими мавриди истифода қарор додани бино,  муовини раиси Шӯрои адлияи кишвар Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ҳозиринро бо ҷашни 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла зикр кард, ки бо баракати Истиқлолият дар Тоҷикистон самти созандагиву ободкорӣ бо мароми ояндабинона тавре роҳандозӣ гардидааст, ки кишвари маҳбубамон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор, некхоҳ, сулҳпарвар ва тамаддунсоз шинохта шуда, пайваста ба дастовардҳои беназир ноил мегардад ва пояҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд устувор гардида, мардуми тоҷик ба сўи музаффариятҳои бузург  қадам мезанад.
Боиси тазаккур аст, ки тақвият бахшидан ба масъалаҳои ташкилӣ, яъне таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо аз омилҳои мустақилияти суд маҳсуб ёфта, тўли солҳои охир   биноҳои судҳои ноҳияҳои Шӯрообод, Шаҳристон, Восеъ, Нуробод, Ванҷ, Шуғнон аз нав сохта, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида, ба истифода дода шуд ва рўзҳои наздик бинои суди шаҳри Роғун низ ба истифода дода хоҳад шуд. Инчунин бинои судҳои шаҳрҳои Исфара, Турсунзода, Истаравшан  ва  имрўз бинои суди ноҳияи Шоҳмансур бо маблағгузории якҷояи Шўрои адлия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур аз таъмири асосӣ бароварда мавриди истифода қарор дорад.
Роҳбарияти Шӯрои адлия ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони ЮНИСЕФ, аҳли мутахассисони  дар корҳои таъмиру тармим ширкатдошта, ҷиҳати омода намудани бинову утоқҳои кории равшану озода арзи сипос намуд.
 
 
 

Сентябрь 8, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд