Бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ

Сентябрь 30, 2014 12:22

 
Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо иқдоми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба қадршиносии нобиғагони адабу таърихи ниёгонамон соли 2014 “Соли бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ” эълон шуда, баргузории ҷашни 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 бо қарори дахлдори созмони фарҳангии ЮНЕСКО интишор ёфтааст.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 20-уми майи соли 2014 таҷлили ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро эълон кард.
Ёдрас мешавем, ки  Абдураҳмони Ҷомӣ 18 августи соли 1414 дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11-сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдураҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. 
Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ӯ дар назди Мавлоно Ҷунайдӣ усули забони арабӣ, асарҳои «Мухтасарулмаонӣ», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Ҳоча Алии Самарқандӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ сабақ мегирад. 
Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбаракате дида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50-соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ миқдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд. 
Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фиқҳ, ахлоқ, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арӯзу қофия, мусиқӣ иншо шудаанд, қиммату арзиши зиёд дорад. Асари тарҷумаҳолии ӯ «Нафаҳотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия»-и Ҷомӣ дар бораи қоидаю қонуни забони арабӣ ва усули таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар мадрасаю мактабҳои Афғонистон, Ироқ, Покистон ва Эрон асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барои омӯхтани забони арабӣ истифода мешавад. Вале бояд эътироф кард, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи халқи мо ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Ҳанӯз дар ҳамон замон шуҳрат ва эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир дар кишварҳои гуногун паҳн шудааст. 
Аз Ҷомӣ се девон, достони «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо мерос мондааст, ки ҳар кадоми он дорои аҳамияти калони адабиву эстетикӣ мебошад. Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирикӣ-ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайра сар карда ва то охири умр онро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Масалан, дар девони аввал -«Фотиҳатушшубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм -«Воситатулиқд» 493 ва дар девони сеюм-«Хотиматулҳаёт» 296 ғазал омадааст, ки миқдори умумии онҳо 1805 ғазалро ташкил медиҳад. 
Қасида дар девонҳои шоир ҷои дуюмро мегирад, ки миқдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷомӣ ҳаҷман хурд буда, аз 8 то 15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзуъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафӣ, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. 
Гуфта мешавад, ки дар эҷодиёти Ҷомӣ рубоӣ, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешавад, ки онҳо аз лиҳози маънӣ ва санъати суханварӣ дар пояи баланд меистанд. Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаҳои худ бештар фикрҳои панду ахлоқии худро ифода кардааст. 
Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти худ 7 бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тӯлонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август оғоз ёфт. Ӯ шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домғон, Қазвин, Ҳамадон, Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохӯрд, суҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эҳтиром мекарданд.
Мавриди зикр аст, ки  Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот бозмегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар Ҳирот ба эҷод кардани асарҳои илмиву адабӣ гузаштааст. 
 
 

Сентябрь 30, 2014 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд