Э. Раҳмон: Сарқонун — шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат

Сентябрь 16, 2014 16:01

Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-  «Ҳадафи сиёсии мо- барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ии ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд» -ин аз таъкидҳои пайвастаи Сарвари  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст. 
Боиси зикр аст, ки дар таҳия ва омодасозии Сарқонуни даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак аз қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-сол сипарӣ мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷлил менамоянд.
6-уми ноябри соли 1994 Сарқонуни мамлакат вобаста ба зарурати таърихӣ ва вазъи сиёсӣ-ҷамъиятии давлат дар асоси меъёрҳои суннатии ниёгон ва санадҳои ҳуқуқии башарӣ қабул гардида, ба сохтори давлатдорӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ворид намуд. 
Таҳлил ва муқоисаи илмӣ-назариявии меъёрҳои Конститутсияи охирини Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1978 бо Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1994 худ гувоҳи ин гуфтаҳо буда, таҳлили ин ҳолат бартариятҳои Конститутсияи соли 1994-ро назар ба Конститутсияи даврони шӯравӣ баръало нишон медиҳад.
Ногуфта намонад, ки бо шарофати қабули Сарқонуни Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Маврид ба ёдоварист, ки Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистони давраи шӯравӣ 14-уми апрели соли 1978 дар сессияи ҳаштуми ғайринавбатии Совети Олии РСС Тоҷикистон даъвати нӯҳум қабул шуда, бобҳои 12, 13, 14, 15-уми он ба органҳои олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии РСС Тоҷикистон, чун Совети Олии РСС Тоҷикистон, Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, органҳои маҳаллии депутатҳои ҳалқӣ, комитетҳои иҷроияи Советҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ бахшида шуда аст. Дар бобҳои 18 ва 19 дар хусуси мақомоти суд, арбитраж ва прокуратура сухан рафтааст. 
Аз ҷумла, дар моддаи 99, боби 12 дар хусуси Совети Олии РС Тоҷикистон чун органи олии ҳокимияти давлатии РСС Тоҷикистон қайд шудааст, ки Совети Олии РСС Тоҷикистон чун органи қабулкунандаи қонунҳо ҳуқуқи қабули Конститутсия ва ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба он дорад. 
Аммо Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мақомоти қонунгузори мамлакат, Маҷлиси Олиро аз ин салоҳияти истисноӣ маҳрум намуда, ин ваколатро танҳо ба халқ додааст. Он аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Дар асоси моддаи 98-и Конститутсияи нави кишвар тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъйин мекунад. Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд, ки ин муқаррарот маҳз хоси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. 
Ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми сентябри соли 1999 ва 22-юми июни соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид гардид, доираи салоҳияти Президенти кишварро такмил дод. Аз ҷумла, ба матни Конститутсияи соли 1994 илова гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъйин мекунад. Ғайр аз ин, бо қабули мақомоти нав-Шӯрои адлия, дар Конститутсия, дар қисми салоҳияти Президент зикр гардид, ки Президент Шӯрои адлияро таъсис медиҳад, судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия таъин ва озод мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки Сарқонуни кишвар ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи талаботи Сарқонун ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
Гуфта мешавад, ки ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурўзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳои дур  мунаввар мегардонад.
 

Сентябрь 16, 2014 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид