Истиқлолият- кафили рушди босуботи кишвар

Сентябрь 2, 2014 16:04

 
Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ буда, дар тамоми давраи мавҷудияти худ онро талаб намуда ва барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд намудааст. Бинобар ҳамин, миллати тоҷик барои доштани ҳисси озодихоҳӣ ва бузургманишӣ дар тўли таърихи гузштаи худ ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи пурифтихори  миллати тоҷик намегузорад, ки  миллати  мо тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад. Гузаштагони  миллати тоҷик ҳамеша дар бораи бузургӣ ва озодихоҳии миллати мо асарҳо офаридаанд. Онҳо озодӣ ва истиқлолиятро ганҷи беҳамто дониста, ҳамеша таъкид намудаанд, ки ояндагон бояд қадри онро бидонанд ва ҳаматарафа барои ҳифзи он талош намоянд. Дар вазъияти мавҷудаи муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, чунки бе  доштани истиқлолияти сиёсӣ хеҷ миллате бақои худро ҳифз намуда наметавонад. Барои ҳифзи бақои миллат ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Ин нукта аз ҷониби Президенти кишвар борҳо зикр шуда, аз ҳар як сокини кишвар ҳоҳиш шудааст, ки ба қадри истиқлолият бирасанд ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намоянд. Хушбахтона, баъди саргардониҳои зиёди таърихӣ миллати тоҷик бо заҳматҳои фарзандони бо ору номусаш дубора соҳиби давлати мустақили ҳуқуқбунёди ягона  гардид. Ба ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки қадри истиқлолиятро дониста, барои таҳкими он содиқона хизмат намояд ва барои ҳифзи он ҳамеша тайёр бошад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки «табадуллот»-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулодда (КДВФ — ГКЧП)-и коммунистони тундрав (КПСС) 19-21 августи соли 1991 дар Маскав барҳамхўрии Иттиҳоди Шўравиро тезонид. Дар зери таъсири бозсозӣ муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиклолияти Тоҷикистон аз нав сар шуд. Гирдиҳамоиҳои оммавӣ дар Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд ва эълон намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд.                                     Душманони миллати тоҷик аз фурсати муносиб «барҳамхўрии Иттиҳоди Шўравӣ» дубора истифода карданӣ шуда, мехостанд, ки миллати тоҷикро комилан бедавлат ва бе таърих кунанд, аммо ба ин мақсади худ нарасиданд. 
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон намуд. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Баъдан, Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди давлати худро бо роҳи сохтани кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувафиқ сохт. Аз тарафи баъзе бадхоҳони миллат дар кишвари нав соҳиби истиқлол гардида кашмакашҳои сиёсиро ба роҳ андохта, сабаби ба вуҷудоии ҷанги шаҳрвандии бародаркуш гаштанд. Яъне, мехостанд, ки ба воситаи афрўхтани ҷанг ба мақсадҳои ниҳонии худ бирасанд. Аммо фарзандони ба ору номуси миллат хатари барҳамхўрии кишвар ва нест шудани миллатро ҳис намуда, аз пайи ёфтани роҳи ҳалли муносиб барои хотимаи ҷанги бародаркуш шуданд. Хушбахтона, бо заҳматҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ҷанг ба охир расид ва миллати тоҷик ба ризояти миллӣ ва ваҳдати саросарӣ дубора расид. Хатари нобудшавии давлати тоҷикон пешгирӣ карда шуд. Бинобар ҳамин, Президенти кишвар гуфта буд, ки «истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад».
Имрўз аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ризоияти миллӣ ва Ваҳдати миллӣ чораҳои гуногун дида мешаванд, чун бе доштани ризоияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ ҳифз намудани истиқлолияти миллӣ душвор мегардад.
Вожаи «истиқлолият» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, ки аз тарафи зиёда аз 165 кишвари ҷаҳон шинохта шудааст, далели равшани афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон мебошад. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид ва имрўз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст, зеро дар айни замон дар ҷаҳон миллату халқиятҳое, амсоли курдҳо ҳастанд, ки аз рўи шумора хеле зиёданд, вале соҳиби давлат нестанд ва ё институти муттаҳидкунандаи худро надоранд. Бинобар ин дар баробари шумораи на он қадар зиёди аҳолӣ (дар муқоиса бо ин халқиятҳо) соҳиби давлати алоҳида будани миллати тоҷик, аз як ҷониб бахти ин миллат ва аз тарафи дигар, кўшишҳои фарзандони фарзонаи он мебошад.  Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи мост. Халқи  тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну таҳаммулпеша мебошанд.
9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон»- ро қабул намуд. 
Бинобарин 9 сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон» ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти истиқлолият дар суханронии хеш чунин зикр намуда буд: «Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳамин дастоварди бузург дар тўли таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд.  Мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолияти давлатӣ бо назардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта бисту се сол қабл ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем.»
Аз ҳамин лиҳоз, Президенти кишвар соҳиби давлат будан ва доштани истиқлолиятро барои тоҷикон «рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз» дониста, зикр намудаанд, ки миллате ки «тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст.                                                                                          Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст.»
Мо дар арафаи 23-юмин солгарди ҷашни Истиқлолият қарор дорем, бинобар ҳамин тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон  ва кулли ҳамватанонро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, орзумандем, ки ин ҷашни фархунда ба ҳар як сокини Ватани маҳбубамон бахту саодати поянда оварад.
 
 Коршиноси сиёсии Маркази
 тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Ҳикматулло Хоҷаев.

 

Сентябрь 2, 2014 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст