Конститутсия -таҳкимбахши пояҳои истиқлолият
Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-9 сентябр мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Президенти кишвар дар Паёми телевизионии хеш тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, аз ҷумла, чунин гуфт: «Мо имсол ҷашни истиқлолро дар остонаи санаҳои бисёр муҳими таърихӣ, яъне 20 — солагии қабули бахтномаи халқамон — Конститутсия, 20 — солагии яке аз рамзҳои муқаддаси давлатамон — Суруди миллӣ ва 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ истиқбол мегирем».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.
Бист сол аст, ки Суруди миллии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо медиҳад ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
«Мо дар муддати 23 соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем»,-зикр намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






