Нақши мақомоти ҳокимияти судй дар давлати ҳукуқбунёд

Сентябрь 22, 2014 16:01

Душанбе, 19.09.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Сохтмони давлати демократии ҳуқуқбунёд, ки амалӣ гардидани он ҳамчун вазифаи ҳалталаби рӯз дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, ифодагари зинаи баланди инкишофи ҳуқуқ буда, пеш аз ҳама истеҳкому устувории пояҳои ҳукуқии ҷомеаро тақозо менамояд. Ин мушкилӣ дар назди макомоти ҳифзи ҳукуқ, сохторҳои низомӣ ва хосса, ҳокимияти судӣ ҳалли вазифаҳои муҳимро ба миён мегузорад. Дар робита ба ин бо мутахассиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Фирӯзи Султон суҳбат намудем.
“Тавре ки Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд: «Шароити нави таҳкими истиқлолият ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқӣ аз мову Шумо эҳсоси бузурги масъулият, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, иродаи қавӣ, садоқату ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, дониши мукаммал ва зиракии сиёсиро тақозо мекунад». -Давлати хуқуқбунёд қабл аз ҳама ба сифати давлати қонунгузор, давлати бузургдошти қонуният зуҳур ёфта, таъмини ҳуқуқ ва адолати иҷтимоӣ асоси онро ташкил медиҳад,- гуфт Фирӯзи Султон.
Ба гуфтаи мавсуф, ислоҳоти судӣ баъди қабули Конститутсияи соли 1994 дар Тоҷикистон муҳимтарин кӯшише баҳри поягузорӣ ва эъмори давлати демократӣ мебошад.   Президенти   Ҷумҳурии   Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асоси салоҳиятҳои конститутсиониаш  барои баланд бардоштани мақоми судҳо  диққати махсус дода, дар  Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2014 «Роҳи мо ба сӯи ҷомеаи ҳукуқбунёд» хулосаҳои хешро доир ба фаъолияти мақомоти мазкур, аз ҷумла нисбат ба шахси сеюми ҳокимияти судй ба таври дақиқназарона иброз доштааст. Дар Конститутсия муайян кардани доираи фаъолият ва салоҳиятхои ҳокимияти судӣ ва қабули Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Точикистон»  дар баланд бардоштани мавқеи ҳокимияти судӣ дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқӣ дар кишвари мо аҳамияти махсус дорад.
Дар Қонуни конститутсионии мазкур бори нахуст салоҳияти Суди Олии Тоҷикистон, коллегияи судй оид ба парвандаҳои гражданӣ. коллегияи ҳарбй, раис, муовини раиси Суди Олӣ, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҳамин гуна мақомоти Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбй нишон дода шудааст.  
Тибқи моддаи 84 Конститутсия «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқ ва озодии шахс, манфиати давлат, созмону муассисаҳои қонунияту адолатро  ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионй, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодй, Суди ҳарбӣ, Суди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия амалӣ мекунанд».
Ба масъалаи мустақилияти судҳо дар Конститутсия диққати хосса дода шуда, таъкид мегардад, ки онҳо «танҳо  ба Конститутсия  ва қонун итоат мекунанд». 
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар  бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз июни соли 2007  «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тасдиқ шуд,  ки  дар ин раванд  як зумра  дигаргуниҳо ба  назар  мерасанд :  аз  ҷумла  таъсис додани вазифаи коромӯз -судягӣ   ва  ба судҳои якҳайата  воҳидҳои  иловагии вазифаи   судягӣ  ҷудо гардидааст. 
Дар солҳои 2010-2011 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади баланд бардоштани савияи  касбии судяҳо, адабиёти ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро  дар маҷмӯаҳои алоҳида мураттаб ва   дастраси судяҳо гардонидааст, ки дар вақти  қабул намудани  санадҳои судӣ  ба судяҳо мушкилӣ пеш намеорад.   Мавриди зикр аст, ки барои  таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 тасдиқ гардида, ин ислоҳот то соли 2011 идома ёфт. Инчунин дар айни ҳол «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 идомабахши ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон буда, дар заминаи паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. 
Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озидиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо муаиссаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо мебошад. Мақоми судии Тоҷикистон дар ҷараёни рушду такомули худ борҳо тағийри сохторӣ ёфтаанд, агарчи моҳияти фаъолияти асосии онҳо-таъмин кардани адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд тағийрнопазир мемонад. 
Рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар мамлакат ба баланд бардоштани дараҷаи тахассуси судяҳо, дараҷаи ниҳоди касбию ахлоқии судяҳо сахт марбут аст. Сиёсати кадрӣ аз ин рӯ яке аз самтҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ дар бобати баланд бардоштани мавқеи ҳокимияти судй дар ташаккули давлати ҳуқукй пазируфта шудааст,-афзуд мутахассиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  Фирӯзи Султон.
 

Сентябрь 22, 2014 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд