Риояи тавозун миёни раванди ҷаҳонишавӣ ва манофеи миллӣ

Октябрь 17, 2014 17:26

Душанбе, 17.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҷойгоҳи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нигоҳдории тавозун байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллӣ аз назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.  
Назаррастарин ҷараёни олами муосир глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ мебошад, ки ба табиату мазмуни муносибатҳои байналмилалӣ ва интихоби   самтҳои сиёсати хориҷии  давлатҳо таъсири бевосита дорад.  

                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон.    

 
Яке аз дастовардҳои назарраси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир, бахусус пас аз эълом шудани сиёсати дарҳои кушода ба масобаи яке аз аслҳои калидии равобити байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти муҳтарами кишвар  Эмомалӣ Раҳмон, ба таври муваффақиятомез риоя кардани тавозун байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манофеи миллӣ  мебошад.  
Бо вуҷуди он, ки тайи ин солҳо Тоҷикистон бо ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ ба арсаи рақобатҳои геополитикии чӣ қудратҳои минтақавӣ ва чӣ қудратҳои фароминтақавӣ мубаддал шуда буд, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоиҷикистон зери роҳбарии воқеъбинона ва дурандешонаи Президенти кишвар тавонист, ки равандро ба таври прагматикӣ истифода бурда, дар доираи манфиатҳои миллию давлатӣ ба татбиқ расонад.   
Ба таъбири дигар гӯем, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки  воқеъбинонаи мазмуну мундариҷаи аслии раванди ҷаҳонишавӣ, ки таърихан аз  тиҷорати озоди байни  кишварҳо ва робитаҳои иқтисодии онҳо маншаъ мегирад, тавонистааст, ки ҷаҳонишавиро асосан дар ҳамин самт мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. 
Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ғарбию шарқӣ ва дар баробари ин ҳифз кардани манфиатҳои миллии худ далели гуфтаҳои боло шуда метавонанд.     
Дар ҳақиқат ҳам, тавре ки таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва такрор шудани ин гуна ҳаводис дар баъзе кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва ахиран дар Украина нишон медиҳад, сабаби аслии сар задани ин қабил низоъҳо пеш аз ҳама, ба адами риояи тавозун байни равандҳои ҷаҳонӣ ва манфиатҳои миллӣ иртибот дорад.  
    Сухан дар бораи он меравад, ки дар асари омилҳои дохилию хориҷӣ дар ин кишварҳо қишрҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолифи ақидатӣ, аз қабили исломиёну дунявиён, ғарбгароёну русгароён ва ғайра тақсим шуда, манфиатҳои миллии худро қурбони бозиҳои геополитикӣ намуданд.   
    Ба ибораи дигар, манфиатҳои бозингарони геополитикӣ аз ҷониби қишрҳои гуногуни ин кишварҳо иштибоҳан ҳамчун манфиатҳои миллии худ пазируфта шуд, ки дар натиҷа мавҷудияти кишварҳои мазкур ба сифати давлатҳои мустақил зери суол қарор гирифт. Ҳадаф аз ин бозиҳои геополитикӣ ҳамчун яке аз падидаҳои манфии ҷаҳонишавӣ саранҷом ба сари қудрат овардани нирӯҳои лухтакмонандест, ки ба худ симои гуногун гирифта (вобаста ба ниёзҳои маънавӣ ва арзишҳои сиёсии мардум, аз қабили исломӣ, демократӣ, миллӣ ва ғайра), дар асл манфиатҳои миллии кишварҳои хориҷиро пиёда мекунанд. Зиёда аз ин, баъзе лоиҳаҳои геополитикӣ бо номҳои зебое, чун «баҳори арабӣ», «инқилоби лолагӣ» ва ғайра ороста ва дар ин ё он кишвар татбиқ  карда мешаванд, зеро  қишрҳои гуногуни ин кишварҳо ё пешвоёнашон ба сабаби адами шинохти манфиатҳои миллии воқеии хеш онҳоро ҳамчун «армони миллӣ» — и худ мепазиранд ва дар натиҷа ба бӯҳронҳои шадиди гуногунҷанба мувоҷеҳ шуда, ҳатто мавҷудияти давлатҳои худро ҳамчун воҳидҳои мустақил зери хатар мегузоранд.
Ин аст, ки Сарвари давлат мӯҳтавои ин равандро воқеъбинона, бидуни идеализатсия арзёбӣ намуда, аз ҷумла чунин ҳушдор медиҳад:    
 «Ва ҳоло мо дар шароите қарор дорем, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳайси раванди ҳокими таҳаввулоти сайёра, агар аз як тараф, барои рушди иқтисодию технологӣ ва умуман такомули кишварҳо имкониятҳои бузург фароҳам орад, аз сӯи дигар, метавонад боиси тезутундшавии масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию ахлоқӣ ва инчунин торафт бештар гардидани нобаробарии иҷтимоии мардум ва шиддат гирифтани бӯҳрони маънавии ҷомеа гардад».   
Тавре ки аз ин натиҷагирии Президенти кишвар бармеояд, раванди ҷаҳонишавӣ табиати духӯра дошта, таъсири он ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии ҷомеа низ метавонад самароти мухталиф ба бор орад.   
    Ба касе пӯшида нест, ки унсурҳои раванди ҷаҳонишавӣ метавонанд ба сиёсати дохилию хориҷии кишварҳо ҳам таъсири манфӣ ва ҳам таъсири мусбат расонанд. Аз ин рӯ, дар як қатор кишварҳо ҳатто ҳаракатҳои зиддиҷаҳонӣ пайдо шудаанд, ки баъзан дар фаъолияти худ ба ҳадди ифрот мерасанд. Дар ин робита ба нафъи худ истифода бурдани имкониятҳои мусбати ҷаҳонишавӣ ва  пешгирӣ намудани оқибатҳои хатарзо ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо харобиовари он, яке аз вазифаҳои стратегии сиёсати хориҷии ҳар кишвари воқеан соҳибистиқлол аст.   
      Вобаста ба ин,  дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар бо назардошти дақиқию хусусияти универсалӣ доштанашон, ки ба талаботи моделсозӣ комилан ҷавобгӯ мебошанд,  ҳамчун модел дар ин ё он вазъияти ҷаҳонӣ метавонанд барои бешикаст ворид шудани Тоҷикистон ба раванди ҷаҳонишавӣ ва дар ростои манфиатҳои миллӣ истифода бурдани зарфиятҳои он   мавриди истифодаи густурда қарор гиранд. 
Барои равшан шудани матлаб чанд мисол меорем:   
1. Оид ба риоя кардани тавозун байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷӣ Сарвари давлат чунин дастур медиҳад:  
«Дар чунин шароит (манзур раванди гобализатсия мебошад) сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мӯҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои миллию давлатии кишвар мусоидат намояд».   
Дар доираи ин модел, ки принсипҳои асосии риояи тавозун байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллӣ ба таври муъҷаз матраҳ шудаанд, муассисаҳои дахлдори кишвар метавонанд  вобаста ба самти фаъолияташон барномаҳои кории худро пайгирона (методи мониторинг) таҳия намуда, пас аз мувофиқа кардан бо якдигар мавриди амал қарор диҳанд, зеро вазифаи ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ сараввал бар дӯши ҳамаи муассисоти давлатӣ қарор дорад. 
Ба ибораи дигар, дар натиҷаи воқеъбинона ва мунтазам пайгирӣ кардани равандҳои  ҷаҳонишавӣ, сохторҳои таҳлилии муассисаҳои дахлдор метавонанд ҷанбаҳои мусбату манфии онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, механизмҳои прагматикии мутобиқсозии ҷанбаҳои мусбати онҳоро бо манфиатҳои миллӣ таҳия намоянд ва роҳҳои пешгирии оқибатҳои манфии равандҳои мазкурро пешниҳод кунанд.   
2.Ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани масъалаҳои миллӣ бо мақсади тақвият бахшидани таъсири мутақобилан судманди равандҳои ҷаҳонишавӣ бо равандҳои татбиқи манфиатҳои миллӣ.   
Дар ин замина назари Президенти кишвар чунин аст, ки:  «ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳо бояд якдигарро пурра созанд ва кафили боэътимоди рушди боустувори байналмилалӣ бошанд».    
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дастгирӣ ёфтани ташаббуси Сарвари давлат оид ба «Соли оби тоза» эълон кардани соли 2003-юм ва солҳои 2010 — 2015  чун даҳсолаи амал «Об барои ҳаёт», баргузор кардани Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси Абӯҳанифа  ва  аҳамияти он дар  муколамаи тамаддунҳо»  ва ғайра чорабиниҳое мебошанд, ки дар баробари мӯҳтавои ҷаҳонӣ дощтан бо манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гиреҳ мехӯранд.  
Гап дар сари он аст, ки масъалаи об ҷанбаҳои мухталиф дошта, дар таъмини бехатарии кишвар, хусусан татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии он, яъне бехатарии озуқавӣ нақши калон ифо карда, ба таври самаранок истифода кардани он дар сатҳи миллӣ метавонад боиси рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар гардида, як силсила таҳдиду хатароти эҳтимолиро бартараф созад.   
  Аз ҷониби дигар, ҳамон тавре ки Сарвари давлат таъкид кард, дар  миқёси  ҷаҳон солона зиёда аз 5 миллион нафар бо сабаби истифодаи оби ифлос вафот мекунанд,  ки ин, албатта, ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонад.
Масъалаи дигаре, ки дар натиҷаи пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба равандҳои ҷаҳонӣ боиси нигаронии ҷомеаи тоҷик шудааст, ворид шудани «ҷараёнҳои номатлуб» ба муҳити динию фарҳангии он мебошад. Баъзе ҷанбаҳои фарҳанги оммавии Ғарб, ки аз арзишҳои волои башарӣ тиҳӣ буда, ба як бахши тиҷорат мубаддал шудааст  ва  ақидаҳои иртиҷоию ифротии динӣ, ки ба сифати абзори пиёда намудани манфиатҳои геополиикӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, аз ҷумлаи он хатарҳоеянд, ки аз паҳнои раванди ҷаҳонишавӣ ба манфиатҳои миллӣ таҳдид мекунанд. Аз ин сабаб, ба андешаи Роҳбари давлат «яке  аз роҳҳои муҳими ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ аз таъсири манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ ва мавҷҳои ҷараёнҳои номатлуб таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати демократию ҳуқуқунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо  истифодаи  васеъ  аз дастовардҳои аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад».   
Ин гуна мисолҳо дар дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат зиёданд ва ҳар яки онҳо метавонанд ҳамчун модел дар ин ё он  вазъияти муаяни ҷаҳонӣ  мавриди истифода қарор гиранд. 
Бад-ин минвол, динамикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият возеҳ нишон медиҳад, ки дар маҷмӯъ риояи тавозун байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллӣ дар ин соҳа таъмин гардида, ба  паҳлуҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии кишварамон таъсири мусбат доштааст.    
 
PS: 18 августи соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Шӯрои аврупоӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба сифати  «Пешвои асри XXI» эътироф гардида, 3 декабри соли 2012 аз сӯи Маркази шоҳии тадқиқоти стратегии Уммон ба рӯйхати «500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон» ворид карда шуд, ки ин ҳам як далели бебаҳси ба таври шоиста  риоя кардани  тавозун байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии воқеъбинона ва дурандешонаи Президенти кишвар мебошад.    
 
 
Фаррух Умаров
коршиноси масоили сиёсӣ
 
 

Октябрь 17, 2014 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид