Рушди мақомоти судӣ дар 20-соли қабули Сарқонун

Октябрь 28, 2014 17:07

Душанбе, 28.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имсол 6-уми ноябр мардуми Тоҷикистон 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он ба истилоҳи Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон “Қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ: муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад”, таҷлил мекунанд.Сарқонуни Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ислоҳоти низоми судии мамлакатамон заминаи воқеӣ гузошт. Аввалин маротиба дар қонуни асосӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи мустақими ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба тариқи конститутсионӣ муқаррар шуданд. Аз тарафи давлат кафолат додани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ба тарзи конститутсионӣ муайян шуданд, ки ин ба фаъолияти ҳокимияти судӣ зич алоқаманд мебошад. Дар робита ба ин раиси Суди ноҳияи Шаҳристон Сангинзода Хуршед Алӣ андешаҳояшро чунин иброз намуд:-Сарқонун бахтномаи миллат аст, чунки маҳз бо қабул гардидани ҳамин санад барои устувор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон, ба роҳ мондани ягонагии давлат ва бунёди ваҳдати миллӣ замина пайдо гардида, рукнҳои асосии давлати тоҷикон гузошта шуд. Сарқонуни ҶТ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро чун арзишҳои олӣ эътироф карда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дар асосҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ замина гузоштааст. Дар моддаи 17-и Сарқонуни ҶТ оварда шудааст, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Аз ин муқаррароти қонуни асосӣ бармеояд, ки ба ҳар як шаҳрванд ва ҳар як шахс давлат қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳояшро кафолат медиҳад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки дар моддаи 19-и Сарқонуни ҶТ оварда шудааст, ки ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ба ҳеҷ кас бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан иҷозат дода нашудааст. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад. Аз тарафи суди босалоҳият, мустақил, беғараз ва тибқи қонун таъсис ёфта баррасӣ гардидани парвандаи ҳар шахс ва инчунин ҳуқуқи талаб намуданро доштани ҳар шахс бори дигар собит месозад, ки дар ҶТ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар мадди аввал қарор доранд. Илова бар ин принсипи босалоҳият, мустақил ва беғараз будани суд дар ҳама қонунҳои минбаъда ва кодексҳо, ки аз Сарқонун сарчашма мегиранд, зикр ёфтааст. Яъне, ин принсипи ягона барои ҳама низомҳо ва сохтори судии ҶТ татбиқ мешавад. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Сарқонуни ҶТ ва қонунгузории ҷорӣ зикр гардидаанд, танҳо бо санади судӣ, қарор (санкция)-и суд барои таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ метавонанд раво дониста шавад. Шоёни тазаккур аст, ки боби 8-уми Сарқонуни ҶТ ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст. Мутобиқи моддаи 84-и Сарқонуни кишварамон ҳокимияти судӣ мустақил буда, он ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Дар ҳамин модда муқаррар шудааст, ки тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад. Ҳамзамон моддаи мазкур ташкили суди фавқулодаро манъ мекунад. Боиси ёдоварист, ки пас аз қабули Сарқонуни ҶТ барои асос гузоштан ба ҳокимияти судӣ дар кишварамон як зумра қонунҳои конститутсионӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақоми судяҳо дар ҶТ», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи Суди Олии ҶТ» ва «Дар бораи судҳои иқтисодии ҶТ» аз 3 ноябри соли 1995 қабул гардид. Бо мурури замон барои рушду комилгардонии ҳокимияти судии ҶТ, солҳои 1995, 1997, 1998 ва 2000 ба ҳамин қонунҳои конститутсионӣ як силсила тағйиру иловаҳо дароварда шуданд. Дар ҶТ бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ соли 2001-ум Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои ҶТ» қабул карда шуд. Қонуни конститутсионии мазкур муносибатҳоро оид ба тарзи ташкил ва фаъолияти судҳо, ҳамчунин фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои таъмини ташкилӣ ва моддию техникии судҳо танзим менамояд. Дар ҳамин қонун таъкид гардидааст, ки ҳамаи судяҳо дар ҶТ дорои мақоми ягона буда, фақат бо ваколат ва салоҳияти худ тафовут доранд. Чун дар ҶТ солҳои 2007-2010 ва 2011-2013 барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ амалӣ гардонида шуд, тадриҷан ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои ҶТ» солҳои 2003, 2004, 2006, 2008, 2010 ва 2011 низ дигаргунӣ ворид шуд. Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оварда шудааст: «Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст». Албатта, пас аз амалигардонии «Барномаи ислоҳоти соҳаи судиву ҳуқуқии солҳои 2007-2010, 2011-2013», ки бевосита аз ҷониби Роҳбари Давлат Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуд, ба талаботи навини замон ҷавобгӯ гардидани қонунҳои пештараи кишвар ва таъмин намудани адолати судӣ аз ҷониби ҳокимияти судӣ аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Тибқи нишондоди Сарқонуни ҶТ ҳокимияти судӣ мустақил мебошад. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ ҳифз намудани ҳуқуқ ва озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат буда, он аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Адолати судиро судҳо амалӣ мекунанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки дар раванди амалӣ гардонидани адолати судӣ судя пеш аз ҳама бояд, меъёрҳо ва принсипҳои дар Сарқонун, қонунҳои минбаъда ва кодексҳои ҷумҳурӣ ба монанди баробарии ҳама дар назди қонун ва суд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, инчунин ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, тобеият ва дигар ҳолатҳо, мустақилияти судяҳо, инчунин оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо, мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ доштани суд, ба шахсони иштирокчии парванда фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон, мусоидат намудан барои татбиқи ҳуқуқҳои шахсони иштирокчии парванда, фароҳам овардани шароит барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо ва истифодаи дурусти қонунҳоро, ҳамчун дастурамал мавриди истифода қарор диҳад. Дар амалигардонии адолати судӣ аз ҷониби судя мавриди истифода қарор додани меъёрҳо ва принсипҳои мазкур имкон медиҳад, ки парвандаҳои шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва оилавӣ бо ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордошта дуруст ва сари вақт баррасӣ ва ҳал шаванд. Санадҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фармон, ҳалнома, ҳукм, қарор ва таъйинот бароварда мешаванд. Санадҳои судие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бидуни истисно барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамоният иҷро шаванд. Иҷро накардани санади судӣ, ҳамчунин дигар зуҳуроти беэҳтиромӣ нисбат ба суд боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад. Дар баробари ин дар ҳолате, ки санади қабулнамудаи суд ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони манфиатдор, ки иштирокчиёни парванда намебошанд, дахолат намояд, ин шахсон имконияти ба суд муроҷиат намуданро доранд. Тибқи қонун интихоб, таъйин, озод ва бозхонд шудани судя, дахлнопазирии судя, манъи ҳамагуна дахолат ба фаъолият ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ, таҳти таҳдиди ҷавобгарӣ аз омилҳои муҳимтарини таъминнамоии мустақилияти судяҳо ба шумор меравад. Ҳамчунин дар қонуни конститутсионӣ муқаррар шудааст, ки кафолати мустақилияти судяҳо, аз ҷумла чораҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии онҳо, ки қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, ба ҳамаи судяҳо тааллуқ дошта, бо ягон санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор ё маҳдуд намешаванд. Яъне, дар қонуни конститутсионӣ муайян шудааст, ки кафолати мустақилияти судяҳо ба ҳама судяҳо дахлдор буда, ягон санади меъёрию ҳуқуқӣ наметавонад онро бекор ё маҳдуд гардонад. Таъсири ғайриқонунӣ расонидан ба судя ва машваратчии халқӣ, ки дар ба амал баровардани адолати судӣ ширкат меварзад, бо мақсади халал расонидан ба баррасии ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаи мушаххас ё ноил шудан ба баровардани санади ғайриқонунии судӣ тибқи қонунгузории ҶТ ҷавобгарӣ дорад, ки он бо муқаррароти қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои ҶТ» муайян шудааст. Мутобиқи моддаи 87 Сарқонуни ҶТ судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Сарқонун ва қонун итоат мекунанд. Дар баробари ин дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Ин меъёри муқарраркардаи қонуни асосӣ ва қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои ҶТ барои амалигардонии адолати судӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ хеле муҳим аст. Чун ҳокимияти судӣ вазифаҳои муқаддаси худ ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, ташкилотҳо, қонуният ва адолатро, ки Сарқонуни ҶТ ва дигар қонунҳои ҶТ эълон намудаанд, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтиморо иҷро менамояд, итоат кардани судя танҳо ба қонун ва Сарқонун маънои дар ҳақиқат соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. Умед аст, ки ислоҳоти минбаъдаи соҳаи судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда барои боз ҳам баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, то ба дараҷаи байналмиллалӣ мутобиқ намудани қонунҳои ҷумҳурӣ, баланд гардидани мақоми ҳокимияти судӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ саҳми бузурги худро хоҳад гузошт.

Октябрь 28, 2014 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад